Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба "таҳдиду фишор" тан доданӣ нест


Эрон мегӯяд, дар робита ба зарбулаҷале, ки ҷиҳати баргаштан ба пушти мизи музокироти барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш пеши ин кишвар гузоштаанд, ба ҳеҷ навъ “таҳдиду фишор” тан дар нахоҳад дод. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон Ҳасани Қашқавӣ ин ҳарфҳоро ҳамагӣ як рӯз баъд аз даъвати ахири қудратҳои ҷаҳонӣ аз Эрон баён дошт. Намояндагони Амрикову Русияву Чин ва Фаронсаву Бритониёву Олмон аз Эрон даъват карданд, то оғози Маҷмаъи умумии СММ бо гурӯҳи “5+1” мулоқот кунад. Рӯзи сешанбе раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон гуфта буд, ки Теҳрон барои музокироти ҷадид пиромуни барномаҳои ҳастаияш омода ҳаст ва барои он пешниҳодҳои тозаеро таҳия мекунад.
XS
SM
MD
LG