Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйгирии аъзои кобинаи Аҳмадинажод шурӯъ мешавад


Маҷлиси Шӯрои исломӣ, парлумони Эрон имрӯз ба раъйгирии ҳайъати пешниҳодии кобинаи вазирони раиси он ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод шурӯъ мекунад. Баррасии 21 номзад ба узвияти ин кобина дар Маҷлиси Эрон аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ идома дошт. Салиқаи касбии бархе номзадҳо, аз ҷумла номзад ба вазорати иттилоот Ҳайдар Муслиҳӣ мояи нигаронии вакилони парлумон шудааст. Раъйгирии аъзои кобинаи вазирон як озмоиши дигаре барои Аҳмадинажод аст, ки пирӯзиаш дар интихоботи 12 июн ба мавҷи эътирозҳо дар Эрон оғоз дод. Агар кадоме аз номзадҳо ба кобина аз сӯи парлумон радд шавад, раисиҷумҳур бояд таи се моҳи оянда номзади наверо ба ин симат пешбарӣ кунад.
XS
SM
MD
LG