Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар эътирозҳои Эрон 72 нафар кушта шудаанд


Алиризо Ҳусейнии Биҳиштӣ, раҳбари кумитаи пайгирии умури зиндониён ва кушташудагони ҳаводиси пасоинтихоботии Эрон ва аз ёрони раҳбари мухолифин Мирҳусайни Мӯсавӣ, гуфт, дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон 72 нафар кушта шуданд. Биҳиштӣ дар 11 август шумори қурбониёни он ҳаводисро 69 нафар баровард карда буд. Ин дар ҳолест, ки мақомот то ҳол ҳалокати танҳо 26 нафарро дар ошӯбҳое, ки давлат масъулияташро ба мухолифин бор мекунад, тасдиқ кардааст. Биҳиштӣ раҳбари кумитаест, ки мухолифин ба хотири таҳқиқи сарнавишти афроди боздошт ваё кушташуда дар ҷараёни эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон таъсис додаанд. Эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12 июн ба эътирозҳои густарда дар Эрон оғоз гузошт.
XS
SM
MD
LG