Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон боз 17 зина поён фуромад ва дар радифи 172-юм қарор гирифтааст.

Ин натиҷаи аз ҳама пасти дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар феҳристи FIFA мебошад.

Тоҷикистон байни 46 тими мунтахаби Осиё дар зинаи 36-ум мавқеъ дорад, дар Осиёи Марказӣ бошад, пас аз Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба зинаи охирин - 15-ум фуромад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеъашро дар радифи 6-ум нигаҳ доштааст. Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум, вале дар ҷаҳон 6 зина поин шуд - 25-ум. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 58. Латвия (56-ум буд). 62. Литва (59). 77. Беларус (74). 85. Узбакистон (79). 88. Молдова (87). 112. Гурҷистон (103). 114. Эстония (112). 125. Арманистон (123). 136. Қазоқистон (130). 139. Озарбойҷон (137). 143. Қирғизистон (160). 147. Туркманистон (145). 172. Тоҷикистон (155).

Дастаи миллии Бразилия дар садри феҳристи FIFA қарор дорад. Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, дар ҷои дуввум ва Ҳoланд дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Олмон, Русия, Инглистон, Аргентина, Хорватия ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (14), Ҷопон (40), Кореяи Ҷанубӣ (49), Эрон (60), Баҳрайн (64), Арабистони Саъудӣ (65), Уммон (74), Қатар (83), Узбакистон (85) ва Кореяи Шимолӣ (90).

Дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар феҳристи FIFA аз рӯи натоиҷи бозиҳояшон дар мусобиқоти мухталифи расмию рафиқона ҷойгир шудаанд. Вале мунтахаби Тоҷикистон имсол ягон бозӣ анҷом надодааст.

Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 118-ум дар соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ин пеш ҷои 168-ум аз рӯи натиҷагирии соли 2002-юм буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG