Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯ ба оянда бо ёд аз гузашта


Дастфишории раҳбарони Туркия ва Арманистон ҳанӯз ба дастфишории марзбонҳои ду кишвар наовардааст
Дастфишории раҳбарони Туркия ва Арманистон ҳанӯз ба дастфишории марзбонҳои ду кишвар наовардааст

Мақомоти Арманистон ва Туркия ахиран эълом доштанд, ки ба хотири ба роҳ мондани равобити дипломатӣ “машваратҳои дохиликишварӣ” доир хоҳанд кард. Ба иттилоъи вазирони умури хориҷаи ду кишвар, машваратҳои сиёсӣ шаш ҳафта идома мекунанд. Дар изҳороти муштараки вазоратҳои умури хориҷаи Туркия ва Арманистон ва кишвари миёнҷигар – Швейсария гуфта шудааст, сипас ду протокол имзо хоҳад шуд, ки барои тасвиб ба парлумонҳо пешниҳод мешавад.

Ду кишвари ҳамсоя - Туркия ва Арманистон робитаҳои дипломатӣ надоранд, марзҳояшон баста аст ва даҳсолаҳо боз, ба истилоҳ, сояи ҳамдигарро аз девор метарошанд. Душмании туркҳову арманиҳо аз авоили қарни гузашта, аз замони ҷанги якуми ҷаҳон сарчашма мегирад, ки тибқи манобеъи таърихӣ, садҳо ҳазорҳо арманиҳо аз сӯи Туркияи усмонӣ кушта шуданд. Ва аммо ба назар мерасад, ки ҳар ду кишвар аз ин душмании тӯлонӣ сахт хаста шудаанд ва роҳи созишу ифоқаро меҷӯянд.

Ереван талош дорад, ки марзҳояш бо Туркия дубора боз шавад – Анқара соли 1993, баъди аз сӯи нерӯҳои арманӣ таҳти назорат қарор додани Қарабоғи кӯҳӣ, минтақаи воқеъ дар қаламрави Озарбойҷон, гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Арманистонро баст. Туркия ва Озарбойҷон пайвандҳои қадимаи фарҳангиву таърихӣ доранд.

Туркия ҳам ба эътидоли вазъ бо Арманистон манфиатдор аст – Анқара мехоҳад, ки аз як сӯ, нақши худро чун кишвари абарқудрати минтақаӣ таҳким бубахшад ва, аз сӯи дигар, бо ҳалли ин қазия ҳамроҳ бо ҳалли қазияи ақаллиятҳои курди муқими кишвар барои вуруд ба Иттиҳоди Аврупо имтиёзҳои бештар пайдо кунад.

Ва аммо коршиносон ҳадс мезананд, ки тасвиби протоколҳо дар парлумонҳои ҳарду кишвар саҳл нахоҳад буд. Аз ҷумла, бархе аз аъзои парлумони Туркия аз мавқеъи Ереван дар робита ба низоъи Қарабоғи кӯҳӣ нигаронанд. Барчин Инач, дабири нашрияи инглисзабони Hurriyet Daily News ба Радиои Озодӣ гуфт, парлумони Туркия шояд барои он пойфишорӣ кунад, ки равобити дипломатӣ бо Арманистон баъди пешрафт дар ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳӣ ба роҳ монда шавад.

Ричард Гирагосян, раиси Маркази пажӯҳишҳои миллӣ ва байнулмилалии Арманистон, мақараш дар Ереван, мегӯяд, дар назар аст, Анқара дар протоколҳо рӯи мавзӯъи қазияи Қарабоғи кӯҳӣ тамаркуз накунад ва инро метавон чун созиши дипломатӣ арзёбӣ кард. Коршинос ҳадс мезанад, ки шояд ҳукумати Туркия ба ин васила сиёсати худро дар мавзӯъи Қарабоғи кӯҳӣ ва ҳампаймонаш Озарбойҷон тағйир диҳад. Дар ҳамин ҳол, Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия, ахиран дар сӯҳбат бо телевизиони миллӣ гуфт, Анқара чун пештара манфиатҳои Озарбойҷонро дар мадди назар хоҳад дошт.

Бо вуҷуди ин изҳорот, ба назар мерасад, ки Боку аз вазъи бавуқӯъпайваста нигарон аст. Илҳон Полухов, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон, дар сӯҳбат бо бахши озарии Радиои Озодӣ ба он нукта ишора кард, ки сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суханронӣ дар парлумони Озарбойҷон ваъда карда буд, то замони ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳӣ марзҳои Туркия ва Арманистон баста боқӣ хоҳанд монд.

Мавзӯъи дуввуми баҳсталаб миёни Анқара ва Ереван – куштори дастаҷамъии арманиҳо аз сӯи Туркияи Усмонӣ дар соли 1915 боқӣ мемонад. Ереван солҳо боз талош дорад, ки қатли садҳо ҳазор арманиҳо расман ҳамчун наслкӯшӣ ё генотсид эътироф шавад. Ва аммо Анқара ин иддаоро рад мекунад ва мегӯяд, дар ин низоъи мусаллаҳона теъдоди бузурги туркҳо низ кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Серж Саргсян, раисиҷумҳури Арманистон изҳор намуд, ки идомаи баҳс дар бораи генотсиди арманиҳо набояд дар роҳи талошҳои дипломатии ду кишвар монеъа эҷод кунад. Ӯ мегӯяд, ки ин мавзӯъ бештар барои адолати таърихӣ зарур аст. Раҳбари Арманистон мегӯяд, Ереван эътирофи наслкӯшии арманиҳоро чун пешшарти ба роҳ мондани равобити дипломатӣ бо Туркия ба миён гузоштанӣ нест.
XS
SM
MD
LG