Пайвандҳои дастрасӣ

Райдиҳӣ барои кобинаи нави Эрон анҷом мегирад?


Интизор меравад, ки баъд аз як рӯзи таъхир имрӯз Маҷлиси Эрон барои аъзои кобинаи нави Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури ин кишвар рай диҳад. Дар Маҷлис аз рӯзи якшанбе ба ин тараф намояндагон мунозираҳоро пиромуни номзадии 21 вазири пешниҳодшуда идома медиҳанд. Намояндагони Маҷлис аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки баъзе аз ин вазирони пешниҳодӣ дар мақомҳои худ арзанда нестанд ва тахассуси зарурӣ надоранд. Ҳайдар Муслиҳӣ-номзади вазири кашф низ аз ҷумлаи онҳост.
XS
SM
MD
LG