Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Медведев ва хонум Патил мулоқот мекунанд


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав бо Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури Ҳиндустон дидор ва гуфтугӯ мекунад. Вай рӯзи сешанбе барои боздид вориди Маскав шуд. Хонум Патил бо нахуствазир Владимир Путин низ мулоқот мекунад. Сипас боздиди серӯзаи вай аз Тоҷикистон оғоз мешавад ва хонум Патил дар ҷараёни он бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом медиҳад. Ҳадафи боздиду гуфтугӯҳои раиси ҷумҳури Ҳиндустон аз Русияву Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG