Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот бар зидди тахриби масҷиди Фотимаи Зӯҳро


Дирӯз гурӯҳе аз намозгузорон дар Боку бар зидди ҳукми додгоҳ дар бораи тахриби масҷиди Фотимаи Зӯҳро даст ба эътироз заданд. Эътирозкунандагон аз раиси ҷумҳури Озарбойҷон тақозо карданд, ки ба чунин кор роҳ надиҳад. Фотимаи Зӯҳро севвумин масҷидест, ки соли ҷорӣ дарҳояшро бастааст. Як масҷиди туркӣ ба баҳонаи таъмир моҳи май ва масҷиди Абубакр соли гузашта ба сабабҳои амниятӣ баста шуданд.
XS
SM
MD
LG