Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои муҳим хостори музокира бо Эрон шуданд


Кишварҳои муҳими ҷаҳон аз Эрон дархост кардаанд, ки дар остонаи Маҷмаи Умумии СММ бо онҳо барномаҳои зиддунақизи ҳастаии худро баррасӣ кунад. Маҷмаи Умумии СММ дар поёни моҳи ҷорӣ баргузор мешавад. Олмон баъд аз мулоқот бо Русияву Чин, Амрикову Британия ва Фаронса роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар ин бора эъломияе мунташир сохт. Саид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон қаблан гуфт, кишвараш омода аст барои баррасии барномаҳои ҳастаиаш пешниҳодҳои худро матраҳ кунад. Эрон шаку шубҳаҳои Ғарбро дар бораи талошҳои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ рад мекунад.
XS
SM
MD
LG