Пайвандҳои дастрасӣ

Муовини раиси кашфи Афғонистон террор шуд


Як бамгузори интиҳорӣ дар Афғонистон муовини раиси хадамоти кашфи ин кишвар ва дастикам 22 нафари дигарро куштааст. Ин бамгузори интиҳорӣ маводи мунфаҷираро, ки дар баданаш баста буд, дар миёни мардум дар наздикии масҷиде дар шаҳраки Меҳтерломи вилояти Лағмон мунфаҷир сохт. Волии ин вилоят таъйид кард, ки дар ин ҳодиса Абдуллоҳ Лағмонӣ-муовини раиси Раёсати миллии амнияти Афғонистон кушта шудааст. Чанд нафар аз мақомоти баландпояи ин вилоят ва 18 нафари дигар дар ин ҳодиса кушта шудаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд ва гуфтаанд, онҳо Абдуллоҳ Лағмониро ҳадаф қарор дода буданд.
XS
SM
MD
LG