Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Волхови Русия як тоҷик кушта, дигараш маҷруҳ шуд


Дар шаҳри Волхови вилояти Лининград афроди номаълум ба ду шаҳрванди Тоҷикистон, ба ду бародар ҳамла оварда, яке аз онҳоро ба қатл расонданд ва дигарӣ дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол дода шуд. Ин ҳодиса шоми 31-ӯми август рух додааст. Бародари 26-сола аз таъсири зарбаҳо ба сараш дар ҷои ҳодиса ҷон додааст ва бародари 37-соларо бо ҳамин гуна захмҳо кормандони пулис ба бемористон интиқол додаанд. Аз ин ду нафар ном бурда намешавад. Бино ба навиштаи матбуоти Русия, сабаби ҳамла ба онҳо таҳқиқ ва ҷинояткорон ҷустуҷӯ мешаванд.
XS
SM
MD
LG