Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳи НАТО ба ихтилофи Боку ва Ишқобод


Мусоҳибаи бахши туркмании Радиои Озодӣ бо намояндаи паймони НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, Роберт Саймонс.

Рӯзи чоршанбе намояндаи хоси паймони НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Роберт Саймонс ризоят дод ба суолҳои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ посух диҳад. Дар мусоҳиба таҳаввулоти ахири минтақа ба хусус мухолифати Узбакистон ба бунёди пойгоҳи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Қирғизистон, нақши Туркманистон дар амалиёти Афғонистон ва мавзӯъҳои дигар баҳс шуданд.

Радиои Озодӣ: Ахиран Узбакистон қарори Русия дар мавриди бунёди боз як пойгоҳи низомӣ дар қаламрави Қирғизистонро мавриди интиқод қарор дода, аз ширкат дар тамринҳои созмони паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар он ҳарду кишвар узвият доранд, даст кашид. Паймони НАТО дар ин бора чӣ назар дорад?

Роберт Саймонс (намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз): "Мавқеи ман доимо ин буд, ки ҳар кишвари коршарики мо метавонад ба созмоне шомил шуда, дар чорчӯби он тасмим гирад. Аммо ин тасмиму қарорҳо бояд бар пояи оинномаҳои ҳамон созмонҳо қабул шаванд. То ҷое ман медонам, дар он ҷо пойгоҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ташкил мешавад ва ба фикрам кишварҳои узви он бояд муқаррар кунанд, ки барои онҳо чӣ зарур аст?

Узбакистон узви ин созмон буда, метавонад фиркашро иброз намояд. Он чизе, ки барои мо муҳим мебошад, ин аст, ки ягон кишвар ҳақ надорад узвияти кишварҳои минтақа дар паймони НАТО-ро вето гузорад ва ё ширкати онҳо дар ин ва ё он чорабиниро маҳдуд намояд.
Хуллас, ҳар кишвар бояд худаш мизони ҳамкориву маҳдудиятҳояшро муқаррар кунад, хоҳ он созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошаду хоҳ Созмони ҳамкориҳои Шангҳай"

Радиои Озодӣ: Туркманистон ва Озарбойҷон узви кадом яке аз ду созмони амниятии минтақавӣ нестанд, вале ду кишвар дар мавриди истихроҷу коркарди захираҳои баҳри Каспий ихтилоф доранд. Ихтилоф то ҷое расидааст, ки Туркманистон тасмим гирифт, як пойгоҳи низомии баҳрӣ ташкил кунад? Тавре мебинем, ду ҷумҳуриии собиқ Шӯравӣ дар чорчӯби созмонҳои маҳаллӣ созише пайдо накардаанд. Оё паймони НАТО қудрате дорад, ки ҳалли қобили қабули ҷонибҳоро пайдо намояд?

Роберт Саймонс (намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз): "Иҷозат диҳед ба ду омил ишора кунам: Аввалан, ҳама эътироф мекунанд, ки баҳри Каспий ҳар чӣ бештар на танҳо барои транзити ашё, балки ҳамчунон тамоми навъҳои тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати маводи сӯхт истифода мешавад. Аз ин рӯ, чанде аз кишварҳои минтақа дар фикри муҳофизати роҳҳои тиҷорат ҳастанд ва табиист, ки ҳар кишвар мехоҳад ҳифзи марзҳо ва имконоти дифоияшро таҳким бахшад. Дар мавриди Озарбойҷону Туркманистон ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар ду кишвар узви барномаи "Ҳамкорӣ баҳри сулҳ"ҳастанд ва яке аз усули ин барнома ҳалли осоиштаи баҳсҳо миёни кишварҳои узви он аст. Умедворам, ки баҳси ду кишвари ёдшуда ҳам бо ҳамин роҳ ҳал мешавад."

Радиои Озодӣ: Вале то ҷое маълум аст, ҳоло ихтилофи ин кишварҳо, яъне Озарбойҷону Туркманистон боис шудааст, ки онҳо ба убури ҳавопаймои дорои низоми иктишофии АВАКС (AWACS) аз ҳарими ҳавоияшон иҷозат надодаанд. Дар ин бора чӣ мегӯед, Роберт Саймонс намояндаи паймони НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз.

Роберт Саймонс (намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз): "Бале, то кунун ду кишвар дар масъалаи транзити ҳавопаймоҳои дорои низоми АВАКС (AWACS) ба қароре наомадаанд ва музокирот бо онҳо идома дорад. Бояд бигӯям, ки ҳадаф аз ирсоли ин ҳавопаймоҳо ба Афғонистон на иктишоф, балки назорати рафтуомади ҳавопаймоҳо хоҳад буд. Такрор мекунам, ки музокирот идома дорад. Дар ин ирнтибот таваҷҷӯҳи шуморо ба ду омил ҷалб мекунам: Аввалан, ҳамкории мо бо Туркманистон бо назардошти бетарафии расмии ин кишвар сурат мегирад. Мо онро дарк намуда, ба он эҳтиром қоил ҳастем. Вале чандин кишвареро метавон ёд намуд, ки бетараф ҳастанд, вале дар Афғонистон ба мо кумак мерасонанд. Масалан, Шветсия, Финландия ва дигарон. Хуллас, ҳамкорӣ дар масъалаи Афғонистон ба мақоми бетарафи Туркманистон халал намерасонад.

Хотирнишон мекунам, ки дар ҳоли ҳозир Туркманистон ба мо иҷозат додааст ҳарими ҳавоияшро ҳангоми интиқоли бор ба Афғонистон истифода барем. Хуллас, мо ба мақоми бетарафи Туркманистон эҳтиром мегузорем. Мо бо ин кишвар музокирот пеш мебарем то ба ҳавопаймоҳои дорои низоми АВАКС (AWACS) иҷозати истифода аз ҳарими ҳавоии Туркманистон дода шавад.
XS
SM
MD
LG