Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Тоҷикистон қозӣ ё муфтӣ лозим аст?


Бархе аз рӯҳониёни тоҷик мегӯянд, давлат дар муқобили гурӯҳҳои тундрав бояд бештар ба нуфузи рӯҳониёни мӯътадил такя кунад.

Ба бовари аҳли дин, низоми кунунии идораи умури динӣ дар Тоҷикистон ҷавобгӯи воқеъиятҳои замони нав нест ва бояд дар ивази Маркази исломӣ як ниҳоди муассиртаре, ба мисли муфтиёти собиқ ва ё вазорати авқоф ташкил шавад.
Ҳам аз ин тараф ҳастанд ва ҳам аз он тараф. Имом-хатибҳо ҳам ҳастанду донишмандони бақувват ҳам. Ба мисли домулло Муҳаммаднабӣ, домулло Муҳаммадӣ, эшони Абдулбосит, домулло Ҳикматуллоҳ...

Рӯҳониёни тоҷик ҳамин тавр ба зарурати тақвияти Шӯрои уламо ва ҷалби рӯҳониёни дар воқеъ донишманд ва пурнуфуз ба ин Шӯро таъкид мекунанд.

Таҳлилгарони масоили динӣ ба навбаи худ таҳияи як консепсияи навин, ки муносибати байни давлат ва динро дар шароити муосир таъйин кунад, лозим мешуморанд.

ДЕВОРИ БАЛАНДИ НОБОВАРӢ

Давлати Тоҷикистон дар роҳи муқобила бо чолишҳои имрӯзаи мазҳабӣ, ба мисли бурузи ҷараёнҳои ғайрисуннатии тундраве, чун Салафия рӯи нирӯи зеҳнӣ ва кӯмаки рӯҳониёни мӯътадил, вале дар ҷомиа бонуфуз чандон ҳисоб намекунад ва ҳатто баръакс байни худ ва ин қишри обрӯманди ҷомиа деворе аз нобоварӣ баланд кардааст, ки ба манфиати ҳеҷ яке аз ин ду ҷониб нест. Чунин аст бардошти чанде аз шахсиятҳои мазҳабӣ ва таҳлилгарон аз вазъи кунунии муносиботи давлату дин дар Тоҷикистон.

Ба назари онҳо, нақши камранги маркази исломии Тоҷикистон, ки соли 1997 дар заминаи муфтиёти пешин таъсис ёфтааст, ва адами ҳузури шахсиятҳои бонуфузи мазҳабӣ дар Шӯрои уламои ин марказ як иллати иштибоҳҳоест, ки давлатро дар муносибат бо мусалмонон ба пайроҳаҳои ғалат бурдааст.

Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Шӯрои уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди дунявӣ будану таъкид ба ин асли Қонуни асосӣ карданаш, давлати Тоҷикистон бояд ба хотири ахзи ризои ҷомиа ба назари аҳли дин ҳам гӯш бидиҳад: “Вақте аксари мардум мусалмононанд, ҳар давлату ҳар ҳукумат бояд такя ба рӯҳонияти эътирофшудаи он кишвар кунад. Ин кори худи давлатро осон мекунад. Баъзе ҷараёнҳои тундгаро, ки дохил мешаванд ба ин ҷо, як халое ҳаст, халои илмӣ, ё динӣ ваё фарҳангие вуҷуд дорад, ки онҳо ҳамон халоро, ки пур мекунанд, зуд пайрав пайдо мекунанд. Агар давлат аз рӯҳониёни мӯътадил пуштибонӣ кунад ва вақте зеҳни мардум ба исломи мӯътадил омода бошад, ҷавонони мо бо илмҳои исломӣ мусаллаҳ шаванд, дар ҳамин рӯҳияи мӯътадили динӣ тарбия бигиранд, сиёҳро аз сафед фарқ кунанд, ягон ҷараёни тундгаро ё иртиҷоӣ омада, дар ин ҷо ҳатто ҷои поймонӣ намеёбад.”

ЧАРО ЭШОНИ НУРИДДИН УЗВИ ШӮРОИ УЛАМО НЕСТ?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусалмонони Тоҷикистон ва узви Маҷлиси миллӣ аз ҷумла хонаводаи худро, ки аз хонаводаҳои пурнуфузи рӯҳонӣ дар кишвар маҳсуб мешавад, мисол меорад ва мегӯяд, ғолибан ду омил – адами боварӣ ва бурузи ҳасад – боис шудааст, ки аз ӯву бародаронаш, ки дуи онҳо – эшони Нуриддин ва эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода бо маъвизаҳои худ дар байни диндорони тоҷик хеле шинохта шудаанд, касе то имрӯз ба узвияти Шӯрои уламо роҳ наёфтааст: “Ва агар бо бародарони банда ва бо шахси ман дар ягон машваратҳои диниашон ҷалб намекунанд ваё ба Шӯрои уламо имрӯз бародарони мо, агарчанде ки шахсиятҳои машҳури исломӣ ҳастанду минбари бузурге доранду даҳҳо ҳазор нафар мардум дар намозҳои рӯзи ҷумъаашон иштирок мекунанд, инҳоро вақте аъзо намекунанд, ман гумон мекунам, ин ду сабаб дорад: Яке шояд адами эътимодашон ба аъзои оилаи мост. Дуввумаш, инҷо ҳасад асту ин чизҳо.”

МУЛЛОИ "ХУДӢ" ВА "БЕГОНА"

Ба назари таҳлилгарон, такя ба рӯҳониёни, ба истилоҳ “худӣ” ва беозор боиси ночиз шудани муассирияти амалкардҳои давлат дар масоили мазҳабӣ ва ҳатто эҷоди шикоф байни давлат ва аҳли дин шудааст. Таҳлилгарон аз ҷумла ба муҳокима ва тасвиби ду сол пеши қонуни зиддунақизи танзими расму оин ишора мекунанд, ки рӯҳониёни даъватшуда минбари маҷлисро ба як воситаи дигари лаб ба мадҳи раҳбари давлат кушодани худ табдил доданд ва дар ниҳоят қонуни хоме ба маърази иҷро даромад, ки мояи нороҳатии мардум аз давлат шудааст.

Фаррух Умаров, таҳлилгари масоили мазҳабӣ мегӯяд, ҳамин тавр такя ба рӯҳониёни нонамоён ва ноомода роҳро барои гурӯҳҳои ғайрисуннатии исломӣ дар кишвар бозтар кард: “Худи уламо эътироф мекунанд, ки аз нуқтаи назариявӣ барои муқовимат ба ҷараёнҳои нав омода нестанд. Ҳатто имом-хатиби масҷиди Қазоқон Мулло Абдурасул чанде пеш дар ҳафтаномаи “Наҷот” изҳор дошт, ки ҳамаи айб дар гардани худи рӯҳониёни ҳанафист, зеро бо туфайли чаласаводии онҳо, бо туфайли қафомонии онҳо аз пешрафтҳои ҳаёти муосир ва дастрасӣ надоштани онҳо ба фанновариҳои навин, дар Тоҷикистон таълимоти бегона паҳн шуда истодааст.”

МАРКАЗИ ИСЛОМӢ

То соли 1993 идораи умури мусалмононро дар Тоҷикистон идораи қозиёт ва то соли 1997 муфтиёт бар ӯҳда дошт. 12 сол пеш дар заминаи муфтиёт маркази исломии Тоҷикистон ва дар назди ин марказ як шӯрои уламои иборат аз 20 нафар
таъсис ёфт.

Ҳамдиллоҳ Раҳимзода, имом-хатиби масҷиди марказии Душанбе ва яке аз аъзои Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар як сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин Шӯро ҳам имом-хатибони масоҷиди умдаи вилоятиву шаҳрӣ ва ҳам донишмандони саршинос, бо шумули домуллоҳ Ҳикматуллоҳи тоҷикободиро фаро мегирад: “Ҳам аз ин тараф ҳастанд ва ҳам аз он тараф. Имом-хатибҳо ҳам ҳастанду донишмандони бақувват ҳам. Ба мисли домулло Муҳаммаднабӣ, домулло Муҳаммадӣ, эшони Абдулбосит, домулло Ҳикматуллоҳ.”

НЕРӮИ НАҲЗАТ

Ба назари таҳлилгарон, як бахши умдаи нерӯи зеҳнии рӯҳонӣ дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гирди ҳам омадааст. Аммо Душанбе бо вуҷуди дар соли 1997 ба ин ташаккули сиёсӣ дасти оштӣ доданаш, то кунун бо таъкид ба асли дунявияти давлат аъзо ва ҳаводорони наҳзати исломро ба сохторҳои расмии мазҳабӣ, аз ҷумла ба умури масоҷид роҳ намедиҳад.

Ба фарқ аз рӯҳониёни камшинохта, вале барои давлат “худӣ”, намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамин тавр, намояндагони хонаводаҳои обрӯманди рӯҳоние, чун хонаводаи эшони Тӯраҷон ё эшони Халилҷон имкони даъват ва муроҷиат ба мардумро аз тариқи радиову телевизионҳои давлатӣ надоранд.

ПЕШНИҲОДИ ЭҲЁИ ИДОРАИ ҚОЗИЁТ

Домуллоҳ Зубайдуллоҳи Розиқ, раиси Шӯрои уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон асосан он рӯҳониёне соҳиби минбаранд, ки аз Қуръону ҳадис фақат барои тавҷеҳи амалкардҳои давлат ва мадҳи раҳбари аввал ҳарф меҷӯянд.

Зубайдуллоҳи Розиқ маркази исломӣ ва Шӯрои уламоро ниҳодҳои камтаъсир ва нонамоён мехонад ва мегӯяд, умури мусалмонони кишвар бояд акнун дар ихтиёри як ниҳоди соҳиби нуфуз ва салоҳиятҳои бештар қарор бигирад: “Дар Тоҷикистони мо мусалмонон аз лиҳози мазҳабӣ феълан бепарасторанд. Ё вазорати авқоф лозим аст мисли кишварҳои арабӣ, ё ягон ниҳоде, ки мусалмонҳоро сарпарастӣ карда тавонад. Агар мисли пештара як қозиёт бошад, ё муфтиётро эҳё кунанду Шӯрои уламо дар назди муфтии Тоҷикистон ташкил шавад, ин Шӯро бо роҳи интихобот аст ё ягон роҳи дигар бояд беҳтаринҳоро гирд биоварад. Агар олимони эътирофшудаи кишвар дар ин Шӯро ҷамъ шаванд, албатта, вазни сухани онҳо дигар мешавад ва мардум гуфтаву фатвои онҳоро бо ҷону дил қабул мекунад.”

Таҳлилгар Фаррух Умаров ҳам мегӯяд, дар Тоҷикистон зарурати таҳияи як консепсияи ҷадид, ки муносибати байни давлат ва аҳли динро дар шароити муосир танзим кунад, пеш омадааст.

Пешниҳоди баргашт ба низоми муфтиёт ва ҳатто таъсиси як вазорати вақф барои пешбурди умури мусалмонон, ки то 97 дарсади ҷамъияти Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар ҳолест ки муносиботи баъд аз солҳои ҷанги хунини шаҳрвандӣ рӯ ба гармӣ овардаи давлат ва аҳли дин тайи солҳои охир бар сари як идда масоил дигарбора танишолуда шудааст.

Аз ҷумла бар қонуни танзими расму оин, манъи ҳузури боҳиҷоби духтарони толибилм дар макотиби миёнаву олӣ, манъи занону ноболиғон аз рафтан ба масоҷид, манъи фаъолият ва ҳатто тахриби чандин масҷид дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон, ва тасвиби қонуни нави дин, ки ба бовари диндорон, ин ҳама фишори давлат дар умури мазҳабиро бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG