Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷумин солгарди фоҷиаи Беслан


Толори варзиш, ки ҷои марги кӯдакон шуд.

Толори варзиш, ки ҷои марги кӯдакон шуд.

Сокинони Беслан дар мактаби рақами як ҷамъ омаданд ва аз қурбониёни бегуноҳи ҳамлаи террористии соли 2004 ёд карданд.

Панҷ сол пеш, субҳи якуми сентябри соли 2004, вақте толибилмону омӯзгорони як мактаби шаҳри Беслани Осетияи Шимолӣ ба маросими занги аввал омода мешуданд, гурӯҳи террористҳо онҳоро гаравгон гирифтанд.

Ба иттилоъи расмӣ, афроди мусаллаҳ беш аз 1100 нафар – толибилмону омӯзгорон ва волидайни ба ҷашномадаро бо зӯри силоҳ ба толори варзиши мактаб бурданд.

Рӯзи сеюми ҳодиса нерӯҳои зудамали Русия ба амалиёти наҷотбахшии гаравгонҳо шурӯъ карданд, вале ноком шуданд - дар амалиёт 334 нафар, аз ҷумла, 186 толибилми мактаб ба ҳалокат расида 728 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Русия эълом доштанд, ки гаравгонҳо бар асари инфиҷори бомбҳои гузоштаи террористҳо ба ҳалокат расиданд ва аммо шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ҳуҷуми густардаи низомиёни рус бо истифода аз тупхона ва зиреҳпӯшҳо мунҷар ба ҳалокати гаравгонҳо шудааст.

Дар ин навори видеоӣ нахуст расми ёдбуди қурбониён ва сипас саҳнаҳое аз худи фоҷиаро метавонед бубинед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG