Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Багапш: Киштиҳои гурҷӣ нобуд карда мешаванд


Бо амри раисиҷумҳури Абхозистон Сергей Багапш, ҳама киштиҳои гурҷие, ки аз марзҳои дарёии Абхозистон убур мекунанд, нобуд карда хоҳанд шуд. Багапш ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, ки ин тасмим бо амалҳои, ба гуфтаи ӯ, “роҳзанона”-и Гурҷистон бастагӣ дорад. Ӯ афзуд, ки барои ин амалиёт киштиҳои нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии Русия ҷалб нахоҳанд шуд.
Дирӯз як додгоҳи Гурҷистон капитани киштии туркиро, ки 17 август дар масири Туркия – Абхозистон боздошт шуда буд, барои 24 сол равонаи зиндон кард. Дар ҷавоб мақомоти Абхозистон изҳор намуданд, аз ин баъд ҳамаи киштиҳои хориҷие, ки сӯи бандарҳои Потӣ ва Батумии Гурҷистон мераванд, боздошт карда хоҳагд шуд.
XS
SM
MD
LG