Ба донишмандони тоҷик Улмас Мирсаидов ва Муҳамадҷон Шакурӣ Ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино эъто шуд. Адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ барои силсилагузоришҳо дар бораи адабиёти авоил ва охирҳои садаи бист ва таҳаввуллоти адабии ин давра ба ин ҷоиза сазовор доништа шуд. Муҳаммадҷон Шакурӣ, аз муҳаққиқони маъруфи адаюиёт ва муаллифи даҳҳо асару пажуҳишҳои пурарзиши адабист.
Академик Улмас Мирсаидов бошад, барои пажуҳишҳо дар бахши кимиё ва алюминий ба Ҷоизаи ба номи Абалӣ ибни Сино мушарраф гардид. Ин донишманди маъруф то соли 1995 сарварии пажуҳишгоҳи кимиё ва баъдан тайи даҳ сол раиси Фарҳангистон улуми Тоҷикистон буд. Академик Мирсаидов аз соли 2005 ба ин сӯ раҳбарии Оҷонсии амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии кишварро бар дӯш дорад.