Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бо гузашти бештар аз 25 сол дӯстдорони опера дар Душнабе тавонистанд ин мусиқии ҷаҳониро бо забони итолиёвӣ бишнаванд. Намоишномаи Ҷузеппе Верди бо номи «Аида», ки ахиран дар Театри опера ва балети пойтахт ба саҳна гузошта шуд, садҳо ҳаводорони ин мусиқиро гирди ҳам овард.

Операи «Аида» нахустин бор соли 1871 бо супориши шоҳи Миcр дар Қоҳира садо дода буд ва ҳодисаҳои он дар шаҳри Афина ҷараён мегирад. Ва ин намоишнома аз муҳаббати сарлашкари юнонӣ Радамис ва Аида, канизаки шоҳдухтари ҳабашӣ ва душмани вақти юнониҳо қисса мекунад ва билохира бо марги ин ду дилдода меанҷомад.

XS
SM
MD
LG