Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бохти муштзани тоҷик дар Итолиё


Дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Милани Итолиё дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 7 варзишгар ширкат дорад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа муштзани тоҷик Ораз Авзалшоев дар вазни то 51 кг дар нахустин қувваозмоӣ аз намояндаи Покистон Муҳаммад Вассим аз рӯи холҳо бо ҳисоби 7:13 мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар рӯзи дуввуми мусобиқа - 2-юми сентябр - дар даври муқаддамотӣ Анвар Юнусов дар вазни то 54 кг бо Кумар Ҷитендер, аз Ҳиндустон, рақобат мекунад. Рақиби Ҷасур Қурбонов дар вазни то 75 кг варзишгари Сербия Никола Ҷованович мебошад. Баҳодур Каримов дар вазни то 60 кг бо Эрик Донован, аз Ирландия, қувва меозмояд.

Ду муштзани дигари тоҷик дар рӯзи сеюми мусобиқа -3-юми сентябр - ба сабқат шурӯъ мекунанд. Ҷаҳонгир Убайдуллоев дар вазни то 69 кг бо Бруно Бонконго (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг бо Борут Слапник, аз Словения, зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Рӯзи чаҳоруми мусобиқа – 4-уми сентябр - Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 64 кг бо муштзани Того Тонде Сароуна қувва меозмояд.

Мирзо Шамсиев, мураббии варзидаи тоҷик, ба Радиои Озодӣ гуфт, мо дар сабқати ҷаҳонӣ, бахусус, аз муштзанҳои маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов натоиҷи назаррасеро чашмдорем.

Қаҳрамонҳои ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG