Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси барномаи ҳастаии Эрон дар канори Франкфурт


Дар канори шаҳри Франкфурт мулоқоти ҳайатҳои панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба изофаи Олмон дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон идома дорад. Дирӯз раиси ҳайати Эрон дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар эълом дошт, ки Теҳрон барои эҳёи музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар робита ба барномаи ҳастаияш омод аст. Шабакаи телевизионии арабии “Ал-Олам” гуфтаҳои Саийд Ҷалилиро овард, ки тибқи он, Теҳрон оид ба барномаи ҳастаияш пешниҳоди нав таҳия кардааст ва ин пешниҳод метавонад мавриди баҳс дар музокирот қарор бигирад.
Вазорати умури хориҷаи Амрико дар посух изҳор намуд, ки Вошингтон барои баррасии ҷиддии ҳама гуна пешниҳоди созандаи Теҳрон омода аст. Иэн Келлӣ, намояндаи вазорати умури хориҷаи ИМА, гуфт: "Мо омодаем ба ҳама гуна пешниҳоди назаррас посух бигӯем. Вале мо фақат ба хабарҳои матбуот вокуниш карданӣ нестем. Пешниҳодҳои қаблан аз сӯи шаш кишвари олам ироашуда ҳамчунин рӯи миз боқӣ мемонанд. Ва мо дар ҳоле посух хоҳем гуфт, ки агар вокуниши расмии Эронро дастрас кунем".
Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG