Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба вазири дини Покистон дар маркази Исломобод


Имрӯз ба асари ҳамлаи мусаллаҳона вазири умури дини Покистон Ҳомидхон Казмӣ маҷрӯҳ шуд. Афроди ношинос мошини вазирро дар маркази Исломобод тирборон карданд. Дар ин ҳодиса ронандаи мошин кушта шуда, муҳофизи вазир ҷароҳат бардошт. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Ҳомидхон Казмӣ бо мавқеъи шадид ва оштинопазираш дар баробари ифротгароҳои исломии муқими Покистон маъруф аст.
XS
SM
MD
LG