Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чичваркин ба Русия баргаштанӣ нест


Раҳбари собиқи ширкати "Евросет"-и Русия Евгений Чичваркин эълом дошт, ки ба Русия баргаштанӣ нест. Сармоядори маъруф бо гумони одамрабоӣ мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дорад. Дар мусоҳиба бо радиои "Бизнес ФМ" ӯ ҳама иттиҳомоти мақомоти Русияро рад кард ва изҳор намуд, ки ба адолати додгоҳӣ дар Британия умед мебандад. Евгений Чичваркин, ки айни ҳол дар Британия ба сар мебарад, ва чанд корманди собиқи хадамоти амниятии “Евросет” дар рабудани корманди ин ширкат Андрей Власкин тақозои маблағи бузург аз ӯ гумонбар мешаванд. Ин ҳодиса соли 2003 ба вуқӯъ пайваста ва боиси сару садои зиёде дар Русия шуда буд. Моҳи июни соли равон Додситонии кулли Русия асноди заруриро ба Лондон фиристод ва хостори истирдоди Чичваркин ба кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG