Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғиз шудан душвортар шуд


Қирғизистон тартиби гирифтани мақоми шаҳрвандии ин кишварро барои хориҷиён сахттар карданист.

Таланбек Исоев, муовини вазири умури дохилаи Қирғизистон, зимни баррасии ин тарҳи қонуни ҷадид гуфт, ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки қасд дорад, мақоми шаҳрвандии кишварашро ба даст орад, бояд аз ниҳодҳои интизомии кишвараш гувоҳнома пешниҳод кунад. Ба гуфтаи оқои Исоев, ин гувоҳнома бояд таъйид кунад, ки муҳоҷири кишвари хориҷӣ ба додгоҳ кашида нашудааст ва муртакиб ба ҷиноёте нест.

Тиқби тарҳи нави қонун мӯҳлати будубоши шаҳрванди хориҷӣ барои дарёфти мақоми шаҳрвандии Қирғизистон панҷ солро ташкил хоҳад кард. Талантбек Исоев мегӯяд, ин иқдом ба хотири таъмини амнияти кишвараш мебошад ва яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз таҳдид ба амнияти миллии Қирғизистон аст.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони зиёд Қирғизистонро ба ҳайси кишвари тронзитӣ ва пойгоҳ барои муҳоҷирати баъдӣ ба кишвари дигар истифода мекунанд, ки хатари таҳдид ба амнияти кишварро афзоиш додааст.Ба шаҳодати муовини вазири умури дохилаи қирғиз, Афғонистон, Покистон, Сомалӣ, Шри-Ланка ва кишварҳои дигари ҳамрадифи онҳо аз шумули кишварҳое муаррифӣ ҳастанд, ки муҳоҷиронаш баъди нокомӣ барои идомаи муҳоҷират ба кишвари севвум дар Қирғизистон сокин мешаванд. Талантбек Исоев гуфт, маълум нест, ки собиқаи ин афрод чӣ гуна аст ва оё суфуфи гурӯҳҳои ҷиноиро афзоиш нахоҳанд дод?

Ҷиноҳи коммунистҳои парлумони Қирғизистон аз ин тарҳи ҷадид пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG