Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол кишти тарёк дар Афғонистон коҳиш ёфтааст


СММ мегӯяд, ки соли ҷорӣ кишти тарёк дар Афғонистон 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, сабаби коҳиши кишти тарёк ин будааст, ки нархи он поён рафтааст ва кишоварзон ба ҷои тарёк навъи дигари зироат кишт кардаанд. СММ мегӯяд нисбат ба ҷойҳои дигар кишти тарёк дар вилояти Ҳилманд, минтақаи аслии кишткунандаи тарёк коҳиш ёфтааст. Нисбат ба як соли пеш имсол 800 000 нафар камтар ба кишти тарёк машғул шудаанд. Ин маълумот дар гузориши солонаи рӯзи чаҳоршанбеи дафтари СММ дар умури маводи мухаддир оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG