Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои муҳим барномаҳои Эронро баррасӣ мекунанд


Имрӯз мақомоти шаш кишвари муҳими ҷаҳон дар наздикии шаҳри Франкфурти Олмон бо ҳам мулоқот ва барномаҳои ҳастаии Эронро баррасӣ мекунанд. 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон дар ҳоле ба гуфтугӯ менишинанд, ки як рӯзи пеш Саид Ҷалилӣ-раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон гуфт, кишвараш барои рафъи нигарониҳои маҳофили байналмиллалӣ аз барномаҳои ҳастаии Эрон бастаи пешниҳодҳоро барои музокирот омода кардааст. Вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ба пешниҳодоти Саид Ҷалилӣ ҳарфе надорад, вале ҳар пешниҳодро ба таври ҷиддӣ ва дар рӯҳияи "эҳтироми муттақобила" боррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG