Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз барои кобинаи нави Эрон райдиҳӣ сурат мегирад


Интизор меравад, ки имрӯз дар Маҷлиси Эрон барои аъзои кобинаи ҷадиди давлати Маҳмуди Аҳмадинежод райдиҳӣ сурат бигирад. Мунозироти порламонӣ барои 21 вазири нави кобина аз рӯзи якшанбе ба ин сӯ идома дорад. Нигаронии порламон ин аст, ки баъзе аз вазирони пешниҳодшуда соҳибтахассус нестанд. Ҳайдар Муслиҳӣ-вазири пешниҳодшудаи кашф низ аз ҷумлаи онҳост. Чаҳор соли пеш низ Маҷлиси Эрон чаҳор вазири пешниҳодкардаи Аҳмадинежодро рад карда буд. Агар ин бор низ аъзои Маҷлис чунин кунанд, дар он сурат Аҳмадинежод 3 моҳ вақт хоҳад дошт, то номзадҳои дигарро пешниҳод кунад.
XS
SM
MD
LG