Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Кохи Сафед ифтор ташкил кард


Шоми дирӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба нишонаи эҳтиром ба моҳи шарифи рамазон маҷлиси зиёфат орост, ки он ба ифтор шабоҳат дошт. Дар он вазирони кобина, намояндагони Конгресс, сафирони кишварҳои мусулмоннишин ва раҳбарони ҷомеъаҳои исломии Амрико ширкат карданд. Созмон додани ифтор дар моҳи рамазон дар Кохи Сафед падидаи нав нест. Ҷорҷ Буш-раиси ҷмҳури пешин низ дар давоми 8 соли раёсаташ ифтор ташкил карда буд.
XS
SM
MD
LG