Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷиҳо ба фармондеҳи киштии туркҳо 25 сол доданд


Додгоҳи Гурҷистон фармондеҳи киштии борбари Туркияро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Ин киштӣ таҳримҳои иқтисодии зидди Абхозистони ҷудоихоҳро нақз кардааст. Фармондеҳи киштӣ ба он муттаҳам мешавад, ки қонуни Гурҷистонро дар қаламрави иғолии он, яъне дар Абхозистон бидуни мувофиқа бо Гурҷистон нақз кардааст. Моҳи гузашта мақомоти интизомии Гурҷистон сарнишинони ин киштиро, ки аз туркҳо ва озариҳо иборат буд, боздошт карданд. Ин киштӣ аз Туркия ба Сухумӣ-пойтахти Абхозистон маводи сӯхт интиқол меовард.
XS
SM
MD
LG