Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба музокира бо қудратҳои ҷаҳонӣ омода аст


Бино ба гузориши телевизиони моҳвораии арабизабони ал-Алам, Саид Ҷалилӣ-раиси ҳайати музокироти ҳастаии Эрон гуфтааст, кишвараш омода аст бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези ҳастаиаш музокиротро аз сар гирад. Вай гуфтааст, Теҳрон пешниҳодҳои нав омода кардааст ва он метавонад асли музокирот бошад. Барак Обама то поёни моҳи кунунӣ ба Эрон мӯҳлат додааст, ки ба дархостҳо дар бораи музокирот посух диҳад, вагарна ба таҳримҳои нави иқтисодӣ дучор хоҳад шуд. Қудратҳои ғарбӣ шак доранд, ки Эрон ба баҳонаи иҷрои барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ талош дорад ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG