Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони ҷаҳон аз рӯзи оғози ҷанг ёд карданд


Раҳбарони ҷаҳон дар Полша ё Лаҳистон барои ёдбуди рӯзи оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон гирдиҳам омаданд. Аз он рӯз то ба ҳол 70 сол гузашт. Раҳбарон бомдодон дуруст дар ҳамон соате, ки киштии Олмон ба сӯи посгоҳи лаҳистониҳо дар шаҳри Гданск оташ кушод, маросими ёдбудро оғоз карданд. Дар ин маросим Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, кишвараш паймони Молотов-Риббентропро маҳкум кардааст ва аз кишварҳое, ки бо Олмони Нозӣ таъаҳҳуд баста буданд, мехоҳад, ки онҳо низ чунин кунанд:

"Думаи давлатии Русия паймони Риббентроп-Молотовро маҳкум кард. Мо ҳоло интизорем, ки дар кишварҳои дигар низ чунин кунанд, кишварҳое, ки бо Олмони Нозӣ ҳампаймон буданд. Ин кор набояд дар шакли изҳороти сиёсии раҳбарон садо диҳад, балки дар шакли тасмими сиёсӣ ба тасвиб расад".

Дар маросими Гдански Лаҳистон раҳбарони 20 кишвар- аз ҷумла Русияву Олмон ширкат доштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG