Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз конфронси кӯли Сарез ба кор оғоз мекунад


Имрӯз дар шаҳри Норак як конфронси байналмиллалӣ зери унвони "Кӯли Сарез: вазъи кунунӣ, мушкилоти амниятӣ ва дурнамои истифодаи самарбахши захоири оби он" ба кор оғоз мекунад. Ин конфронс ду рӯз идома хоҳад ёфт. Кӯли Сарез яке аз манбаҳои бузургтарини захираи об дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вале аз ҳамон оғози ба вуҷуд омадани ин кӯл то ба ҳол хатари рахна шудани он аз миён нарафтааст. Ин кӯл соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид ба вуҷуд омад. Коршиносон мегӯянд, дар сурати рахна кардани он ё пора шудани сарбанди табиӣ ҳаёти тақрибан 5,5 миллион нафар дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ дар хатар хоҳад монд. Паҳнои кӯли Сарез 80 километри мураббаъ ва умқи кӯл то 500 метрро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG