Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи донишомӯзони тоҷик аз Эрон


Эрон 20 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 12 донишҷӯи мадрасаи динии шаҳри Зоҳидони устони Систон - Балуҷистонро, ки бе раводид иқомат доштанд, ихроҷ кард.

Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, ки ихроҷшудагон донишҷӯёне мебошанд, ки бидуни раводид ба Эрон рафта, дар мадрасаҳои исломии ин кишвар таҳсил мекарданд.

Вай гуфт: «Тадбирҳои амниятӣ андешида шуданд ба хотири роҳ надодан ба амалҳои бетартибӣ ва рейдҳое ҳам гузаронида шуд. Дар қатори шаҳрвандони дигар кишварҳо 20 нафар тоҷикистонӣ ҳам хориҷ шудааст.»

Давлат Назрӣ мӯътақид аст, ки дар ихроҷи ҷавонони тоҷикистонӣ аз Эрон ягон ангезаи сиёсӣ вуҷуд надорад ва ин ҳаққи давлати Эрон аст, ки бояд ба хотири амнияти кишвари худ тадбирҳоеро амалӣ гардонад.

Дар ин кишвари исломӣ барои хориҷиҳое , ки баъди итмоми мӯҳлати раводид ҳам дар Эрон мемонанд, муодили 40 доллар ҷарима муқаррар шудааст. Аммо давлати Эрон аз ин атбои тоҷик ҷарима наситонда, бо харҷи худ онҳоро ба Тоҷикистон интиқол додааст.

Сафорати Эрон дар Душанбе аз додани маълумот дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, феълан дар Ҷумҳурии Исломии Эрон 400 тоҷикистонӣ таҳсил мекунанд. Аз ин миён 90 дар сад бар пояи мувофиқати байни ду кишвар ва даҳ дар сади боқимонда бо роҳҳои хусусӣ ба муассисаҳои илмии Эрон дохил шудаанд.

Донишҷӯёне ки дар асоси созишномаи байнидавлатӣ дар Эрон таҳсил мекунанд, асосан дар риштаҳои ғайримазҳабӣ таҳсил мекунанд. Шумораи ками онҳо муҳассили мадрасаҳои динии Эрон аст. Аммо онҳо на бо роҳхатти давлатӣ, балки таври хусусӣ ба Эрон сафар кардаанд.

Дар Вазорати маорифи Тоҷикистон низ дар бораи ихроҷи донишҷӯёни мадрасаи динии шаҳри Зоҳидон изҳори бехабарӣ карданд.

Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон», бар ин аст, ки омили ҳавасмандӣ ва ё рӯ овардани ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба мадрасаҳои кишварҳои исломӣ он аст, ки дар ин кишварҳо таҳсил назар ба мактабҳои олии Тоҷикистон арзонтар ва шароити иҷтимоии донишҷӯ беҳтар аст.

Оқои Сӯфӣ мегӯяд: «Ҳатто аз роҳҳои ғайриқонунӣ ҳам рафта бошанд он ҷо қонунӣ шуда бошанд, онҳоро берун намекунанд. Ин донишҷӯҳо, ки аз Эрон хориҷ шуданд, маъмулан дар назди масҷидҳо ва ҳавҳазои бо ном мазҳабӣ таҳсил мекарданд. Агар дар донишгоҳҳои расмӣ таҳсил мекарданд, ин ба назар гирифта мешуд."

Таҳлилгари дигар, Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, мегӯяд, ки бидуни раводид зистани ҷавонони тоҷик барои як кишвари ҳамдин ва ҳамфарҳанги мо чандон нигаронкунанда нест, балки ин ҷо тобиши сиёсӣ ва мазҳабӣ аст, ки давлатмардони эронӣ чунин иқдом гирифтаанд.

Вай афзуд: «Вақте дар низоми як давлат мазҳаби алоҳида аввалият дорад, албата наметавонад, ки аз ҳамин нигоҳ пайравони мазҳаби дигар худро ба истилоҳ навъи як ё ду нашуморанд Чунин як вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дорад. Вақте аз ҳамин зовия давлати марказӣ бархӯрд мекунад, ин ҷо таълимгоҳҳое, ки ҳастанд, бо ҳамин иттиҳом бадном мешаванд.»

Гуфта мешавад, ки феълан беш аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ, аз қабили Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ ва ғайра таҳсили дин мекунанд.

Моҳи гузашта сафири Тоҷикистон дар Исломобод Зубайдулло Зубайдов бо ишора шароити сангини зисту таҳсили наврасону ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои динии Покистон гуфт, ки хубтар мебуд, онҳо дар ватан таҳсил кунанд.
XS
SM
MD
LG