Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия ба иштибоҳҳояш дар ҷанг иқрор кардааст


Русия иштибоҳҳои худ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонро эътироф кардааст ва интизори ҳамин гуна эътироф аз сӯи дигар кишварҳост. Ин изҳороти сарвазири Русия Владимир Путин дар маросими ёдбуд дар робита ба оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон дар шаҳри Гдански Лаҳистон садо дод. Путин гуфт, ки Думаи давлатии Русия созиши Молотов-Рибентропро маҳкум кардааст. Ӯ афзуд, ки "ҷанги дуввуми ҷаҳон – паёмади созиши кишварҳои аврупоӣ бо Олмони ҳитлерӣ буд".
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел зимни суханронӣ хотираи 60 миллион қурбониёни ҷангеро пос дошт, ки бо ҳуҷуми Олмон ба Лаҳистон оғоз шуда буд. Маросими ёдбуд дар шаҳри Гданск бо ширкати раҳбарони Лаҳистон бомдод, дар лаҳзаҳое доир гардид, ки ҳафт даҳсола пеш нахустин даргириҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон ба вуқӯъ пайваста буданд.
1 сентябри соли 1939 Олмони ҳитлерӣ ба Лаҳистон ҳамла кард. Чанд рӯз баъд ҳампаймонҳои Лаҳистон – Бритониё ва Фаронса ба ҷанг ҳамроҳ шуданд. Ба думболи ин 17 сентябр СССР, тибқи созиши Молотов-Риббентроп, нерӯҳои худро ба минтақаҳои шарқии Лаҳистон – феълан вилоятҳои ғарбии Укроин ва Белорус ворид намуд.
XS
SM
MD
LG