Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумат лоиҳаи коммунистонро рад кард


Ҳукумати Тоҷикистон баъди омӯзиши панҷмоҳаи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон, ки аз тарафи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон омода ва пешниҳод шуда буд, посухи рад додааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки ба манзури баргузории як интихоботи шаффофу мунсифона ва демократӣ

маблағи гарави интихоботӣ, ки баробар ба 200 ҳадди ақали маош аст, лағв шавад, садди панҷдарсадӣ то се дарсад поин бурда шавад ва қитъаҳои раъйдиҳӣ аз шумори намояндагони аҳзоб ташкил ёбад. Тарҳи мазкур моҳи майи соли равон барои омӯзиш ва баррасӣ ба ҳукумат ва Маҷлис пешниҳод шуда буд.

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфт, ҳукумат барои радди тарҳи пешниҳодии онҳо хулосаҳоеро баён кардааст, ки қотеъ ва мӯътамад нестанд. Дар ҳоле, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи ҲКТ, мегӯяд Шодӣ Шабдолов, заминаро барои гузаронидани як интихоботи шаффофу демократӣ фароҳам мекард.

Аз ин тарҳи пешниҳодии Ҳизби коммунист бархе аз аҳзоби дигари Тоҷикистон низ пуштибонӣ карда буданд. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки бо қабул шудани ин пешниҳодот интихобот дар Тоҷикистон дурусту шаффоф ва демократӣ ҷараён мегирад. Аммо, гуфт ҷаноби Зоиров, ҳукумат барои ҳифзи ҳузури худ дар саҳна ва зери назорати Ҳизби халқӣ-демократӣ нигоҳ доштани ниҳоди олии қонунгузории кишвар - Маҷлиси намояндагон ҳозир нест, ки ба қонуни интихобот ислоҳот ворид кунад.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳоле аз ҳукумат барои тарҳи пешниҳодкардааш посухи манфӣ дарёфт мекунад, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба раванди омодагиҳо ба интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010- оғоз бахшида асноду маводи интихоботиро нашр ва тавзеъи онҳо ба комиссияҳои ҳавзавиро шурӯъ кардааст. Масъулони ин Комиссия гуфтанд, ки ҷараёни баргузории интихобот мисли солҳои қаблӣ сурат мегирад ва ба далели набуди маблағи кофӣ истифода аз технологияи муосир дар ин маърака номумкин аст.

Аз сӯи дигар, ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ, ки дар арафаи онҳо созмонҳои байнулмилалӣ кӯмакҳои ҳуқуқиву техникӣ мерасониданд, дар интихоботи оянда ҳеҷ яке аз онҳо саҳм нахоҳанд гузошт. Ҳарчанд, масъулони Комиссияи марказии интихобот мегӯянд, иллати адами ҳузури ин созмонҳо дар кори омодасозии интихобот ба бӯҳрони молиявӣ рабт мегирад, аммо коршиносон ба ин паҳлӯи масъала ишора мекунанд, ки созмонҳои байналмилалӣ ба баргузории интихоботи шаффофу мунсифона бовар надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG