Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муштзанҳои тоҷик дар Итолиё


Дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки 1-уми сентябр дар шаҳри Милани Итолиё оғоз шуд, ширкат дорад.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар сабқати ҷаҳонӣ 6 варзишгари тоҷик ширкат меварзанд, ки байни онҳо муштзанҳои маъруф Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов ҳастанд. Ҷаҳон Қурбонов, ки дар Олимпиадаи Пекин дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ карда буд, дар сабқати ҷаҳонӣ дар вазни то 91 кг қувваозмоӣ мекунад. Анвар Юнусов бошад, дар вазни то 54 кг қувва меозмояд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, муштзанҳои ҷавон Ҷасур Қурбонов, Баҳодур Каримов, Мададӣ Нағзибеков ва Ораз Афзалшоев шомиланд».

Ба гуфтаи оқои Маҳмадрасулов ду медали биринҷии муштзанҳои Тоҷикистон Абдусалом Ҳасанов ва Шералӣ Достиев беҳтарин дастоварди варзиши тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон ба шумор меравад.

Муштзанҳои тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ дар Итолиё таҳти раҳбарии мураббиёни варзида Мирзо Шамсиев ва Аббос Неъматуллоев ҳунарнамоӣ мекунанд.

Қаҳрамонҳои ҷадиди бокси ҷаҳон дар сабқати ниҳоӣ аз рӯи 11 вазн 12-уми сентябр муайян хоҳанд шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG