Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нашри навбатии маҷаллаи "Илму фанноварӣ" ду мавзӯъ бо кайҳон ва ҳарду бо номи мунаҷҷими бузург Галилео Галилей пайванд мегиранд.

Шунавандагони арҷманд, салом. Маҷаллаи илму фанноварист ва дар сайри ин ҷаҳони ғароибу пурасрор имрӯз аз 400-умин солгарди ихтироъи дурбин ё телескопи мунаҷҷиму мутафаккири бузург Галилео Галилей сӯҳбат мекунем ва сипас ҳамроҳ сабабҳои нокомии нахустин моҳвораи қазоқиро ҷӯё хоҳем шуд ва баъдан ба суоле посух меҷӯем, ки чаро мардуми муқими Австралия мехоҳанд, ки дар кишварашон на чаҳор, балки расман ҳадди аққал шаш фасли сол муқаррар шавад.

----------------------------------------------------------------------

Кайҳони пур аз асрор қарнҳо боз мавриди таваҷҷӯҳи донишмандон ва қабл аз ҳама ситорашиносон қарор дорад. Онҳо талош мекунанд, ки ба суолҳои зиёде, аз ҷумла, дар мавриди мавҷуд будан ё набудани дигар тамаддунҳо иттилоъ пайдо кунанд. Чаҳор садсола қабл ҳамин рӯзҳо мунаҷҷим ва мутафаккири бузург Галилео Галилей низ дар талоши пайдо кардани посух ба суолҳои зиёди худ нахустин дурбин ё телескопи худро дар маърази ом гузошт. Ин матлабро пурра бихонед.

-------------------------------------------------------------------------

Ва аз олами бостон бармегардем ва дунёи муосир ва меравем ба Қазоқистон, ки аз он ҷо дар бораи ноком шудани нахустин моҳвораи қазоқӣ мавсум ба Казсат хабар мерасад. Донишмандони маҳаллӣ мутмаин буданд, ки ин моҳвора ҳадди ақал 12 сол дар фазо хоҳад буд ва аммо Казсат баъд аз се сол дар қабули сигналҳо аз Замин оҷиз монд. Сабаби нокомии нахустин моҳвораи қазоқиро хабарнигори мо дар шаҳри Алмаато Насибҷони Амонӣ тадқиқ кардааст.

-------------------------------------------------------------------------

Хабари ҷолиб аз сабзтарин қитъаи олам. Донишманд аз Австралия Тим Энтвисл мегӯяд, барои ин қитъаи сабз чаҳор фасли сол кофӣ нест ва барои интикоси боду ҳавои он бояд панҷ ё шаш фасли сол муқаррар шавад. Энтвисл, ки худ раиси боғи набототи шаҳри Сидней аст, ду фасли иловагиро спраммер – аз номи инглисии баҳору тобистон, яъне, спринг ва саммер ва спринтер аз номи баҳор ва винтер ё зимистон номгузорӣ кардааст. Ба гуфти ӯ, тақсимбандии нави фаслҳои сол ба мардуми маҳаллӣ имкон медиҳад, ки муҳити зистро беҳтар дарк кунанд ва тағйироти боду ҳаворо дақиқтар назоора намоянд. Зимнан, дар бархе аз мавзеъҳои Австралия мардуми маҳаллӣ вобаста ба шароити боду ҳаво то ҳашт фасли солро муқаррар кардаанд. Тим Энтвисл пешниҳод кардааст, ки ин мавзӯъ мавриди баррасии мардум қарор бигирад ва барои беҳтарин номи фаслҳои соли ҷадид озмун эълон шавад.
XS
SM
MD
LG