Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон ба эҳёи музокирот омода аст


Раиси ҳайати Эрон дар музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар гуфтааст, ки Теҳрон барои эҳёи музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ оид ба барномаи ҳастаияш омод аст. Шабаикаи телевизионии арабии “Ал-Олам” имрӯз гуфтаҳои Саийд Ҷалилиро овард, ки тибқи он Теҳрон дар робита ба барномаи ҳастаияш пешниҳоди нав таҳия кардааст ва ин пешниҳод метавонад мавриди баҳс дар музокирот қарор бигирад. Қаблан Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз Эрон хоста буд, ки то охири ҳамин моҳ ба даъватҳои эҳёи музокирот посух бигӯяд, дар акси ҳол алайҳи кишвар таҳримҳои нави иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG