Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довудоғлу: Анқара ва Ереван дар ибтидои роҳанд


Аҳмад Довудоғлу, вазири хориҷаи Туркия гуфт, ки кишвараш ва Арманистон дар ибтидои ҷараёни тулонии эътидоли равобит қарор доранд. Дирӯз Анқара ва Ереван эълом доштанд, ки тайи шаш ҳафтаи оянда бояд равобити дипломатиро ба роҳ монанд. Туркия ва Арманистон ҳеҷ гоҳ равобити дипломатӣ надоштанд, зеро даҳсолаҳо боз Ереван талош дорад то куштори теъдоди бузурги арманиҳо аз сӯи Туркияи усмонӣ дар замони ҷанги якуми ҷаҳон расман чун “қатли ом” эътироф шавад. Анқара қатли оми арманиҳоро қатъӣ рад мекунад. Соли 1993, баъди аз Озарбойҷон ҷудо шудани вилояти Қарабоғи кӯҳӣ, Туркия ба нишони ҳамдилӣ бо Боку ва эътироз алайҳи дахолати Ереван ба ин қазия марзҳояш бо Арманистонро баст.
Аҳмад Довудоғлу имрӯз дар мусоҳиба ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки созиш бо Арманистон ба манфиатҳои Озарбойҷон осебе ворид нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG