Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷор дар як постгоҳи канори Махачқалъа


Бар асари таркиш дар назди як постгоҳи канори шаҳри Махачқалъа, пойтахти ҷумҳурии Доғистони Русия, як кас кушта шуда, шаш корманди милиса ва се раҳгузар ҷароҳат бардоштаанд. Вазири умури дохилаи Доғистон Алӣ Муҳаммадов дар ташреҳи ин ҳодиса гуфт, кормандони милиса дар постгоҳ мошинеро барои тафтиши аснод нигаҳ доштанд ва дар ҳамин ҳол маргталаб, ки сари фармон менишаст, мошинро инфиҷор кард. Ба гуфтаи вазир, мошин сӯи Махачқалъа мерафт ва аз ин рӯ метавон гуфт, ки кормандони милиса аз амали террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG