Пайвандҳои дастрасӣ

Мактабам, нури дидагонам ту,
Мактабам, умри ҷовидонам ту…

Муаттараи шашсоларо, ки ин шеърро мехонд, имсол ба хотири хурдсолиаш ба мактаб қабул накарданд. Ҳарчанд вай мустақилона дар хона китоби «Алифбо»-ро хатм карда, омодаи таҳсил шудааст, дар мактаб ба волидони ӯ гуфтанд, ки танҳо баъд аз ҳафтсолагӣ Муаттара метавонад пой бар саҳни мактаб ниҳад. Солҳои қаблӣ ба дабистонҳо мумкин буд, ки бо расидани шашсолагӣ ҳам ворид шаванд.

Вале бо ин ҳама сахтгирӣ ва ташдиди низоми қабул ба мактабҳо, ҳамоно риштаи омӯзишу парвариш дар вилояти Хатлон ниёз ба беҳбудию таҳаввулот дорад. Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, мегӯяд, соли нави таҳсил дар ҷануби кишвар бо мушкили назаррас оғоз меёбад. Ба гуфтаи ӯ, феълан камбуди омӯзгорон дар бисёре аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон эҳсос мешавад. Ҳоло зарурати ба кор дар мактабҳо даъват кардани наздик ба ҳазор нафар омӯзгор дар миён ҳаст, бавижа дар навоҳии Қумсангир, Ховалинг, Данғара, Балҷувон, Ҷилликӯл, Румӣ, шаҳрҳои Нораку Ёвон. Ғайбулло Афзалов ҳамчунин гуфт, як роҳи муассири ҷалби омӯзгорон ба кори мактабҳо ихтисоси қитъаҳои замин ё манзили зист барои онҳо мебошад.

Феълан, дар беш аз ҳазору сесад мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилояти Хатлон қариб 31 ҳазор муаллим кор мекунанд. Нарасидани омӯзгорон, ба гуфтаи масъулони бахши маориф, боиси рушд накардани сатҳи илм ва дониши муҳассилин дар Хатлон шудааст. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, зимни машварати августии муаллимони Хатлон, аз сатҳи донишу саводи толибилмону донишҷӯёни хатлонӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, то замоне ки омӯзгорони ҷавону эҳтиёҷманд аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ дастгирӣ наёбанд, мушкилаҳои мавҷуда ҳал нахоҳанд шуд. Ӯ гуфта буд, ҳукумати Тоҷикистон тавассути Вазорати молия барои ироаи қарзҳои боимтиёз ба омӯзгорони ҷавон беш аз 5 миллион сомонӣ ихтисос додааст, вале танҳо 18 омӯзгори ҷавон тавонистанд, ки аз ин имтиёзот истифода намоянд. Вазири маориф изҳори умедворӣ кард, ки ҳукуматҳои маҳал дар Хатлон ба ин ҳуҷҷати муҳим таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.

Бо норасоии омӯзгорон мушкилаҳои соҳаи омӯзишу парвариши Хатлон маҳдуд намешавад. Дар ин минтақа, ба иттилои расмӣ, айни ҳол беш аз 110 мактаби ҳамагонӣ дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, шумори мактаб-вагонҳо низ кам нест. Ҷӯрабой Собиров, сардори идораи маорифи Хатлон, мегӯяд, ҳоло ҳама нерӯи зеҳниву молии мақомот барои рафъи ҳамин мушкил равона шудааст. Ҷаноби Собиров гуфт, бисёре аз мактабҳои садамавиро таъмир карда, баъзе мактабҳоро аз вагонҳо берун кашидаанд ва ҳамчунин, синфхонаҳои нав бо 9000 ҷойи нави нишаст барои толибилмон бунёд шудааст.

Дар зарфи як соли ахир дар вилояти Хатлон панҷ мактаби нав таъсис ёфтааст, ки барои бунёди он 11 миллион евро масраф шудааст. Ҳамзамон, дар ҳоли ҳозир, дар бахши омӯзишу парвариши вилояти Хатлон 6 пружаи ҷадид ба ҳазинаи 2 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG