Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи ҷасади 41 толиб дар Свот


Дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, шабонарӯзи гузашта ҷасади 41 гумонбари узвият ба ҷунбиши “Толибон” ошкор гардид. Отиф-ур-Раҳмон, як мансабдори воломақоми маҳаллӣ гуфт, ки шаш тан аз мақтулонро сар буридаанд. Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз моҳи июл дар Свот ин гуна ҷасадҳо зиёд ошкор карда мешаванд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, ин афрод аз сӯи мардуми маҳаллӣ ба қатл расидаанд, ки бозгашти толибон ба минтақаро намехоҳанд. Ва аммо сокинон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳадс мезананд, ки ин қатлу куштор шояд аз сӯи нерӯҳои амниятии Покистон замони баргузории амалиёти густардаи низомӣ алайҳи “Толибон” анҷом шудааст. Артиши Покистон қаблан эълом дошт, ки гурӯҳҳои толибонро дар Свот аз байн бурдааст ва ин минтақа таҳти назорати комили ҳукумат қарор дорад.
XS
SM
MD
LG