Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми афсарони собиқи ОМОН тағйир наёфт


Додгоҳи таҷдиди назар даъвои афсарони ОМОН-ро баррасӣ ва ҳукми қаблии додгоҳ нисбат ба онҳоро бетағйир боқӣ монд.

Қаблан, додгоҳ ду корманди воҳиди махсуси милиса (ОМОН)-ро барои ҳамла ба казинои "Помир", ғоратгарӣ ва дуздӣ ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум карда буд.

Фармондеҳи пешини як ротаи ОМОН Равшан Ҳомидов ва собиқ раҳбари бахши навбатдори ин воҳиди вазорати дохила Тоҳир Раҳимов ҳар кадом барои 21 солӣ маҳкум ба зиндон шуданд.

Аммо, бино ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, сарвари дастаи ғоратгар, собиқ корманди Раёсати нерӯҳои марзбони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Таваккалхоҷа Низомов дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад.

Вакилони дифоъи ин афсарон мегӯянд, ба қарор додгоҳ мувофиқ нестанд ва ба раёсати Додгоҳи олӣ аз болои ин таъинот шикоят хоҳанд бурд.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG