Пайвандҳои дастрасӣ

Расул Боқиев: Мехоҳанд, ки Русияро намояндагӣ кунам


Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонии дзюдо дар Ҳоланд ширкат накард, боиси нигаронии мухлисони варзиши тоҷик гардид.

Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи Русия, ба расонаҳо эълом кардааст, ки ӯ ва шогирдаш Расул Боқиев барои дастоварди бузургашон дар Олимпиадаи Пекин аз сӯйи мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба гунаи шоиста қадрдонӣ нашудаанд. Оқои Елчанинов дар сомонаи интернетии www.judoclub.ru дар ин маврид ба таври муфассал изҳори назар кардааст. Вай, аз ҷумла, мегӯяд: «Дар ҳамин ҳол аз сӯйи бархе аз кишварҳо ба мо пешниҳод шудааст, ки Расул Боқиев дар давраи олимпӣ ин кишварҳоро намояндагӣ кунад. Ва табиист, ки мо аз байни онҳо Русияро интихоб кардем. Зеро ки ман русиягӣ ҳастам ва мо дар шаҳри Маскав омодагӣ мегирем. Рӯзҳои наздиктарин Расул шаҳрвандии Русияро дарёфт хоҳад кард. Дар ҳоли ҳозир, дар Русия, ба андешаи мутахассисон, дар вазни то 73 кг касе ба Расул баробар шуда наметавонад. Албатта, варзишгарони хуб ҳастанд ва дар муддати се соли давраи олимпӣ рақобат барои дохил шудан ба дастаи мунтахаби Русия пуршиддат хоҳад шуд. Мо, албатта, кӯшиш мекунем, ки аз чемпионати Русия сар карда, то Олимпиадаи Лондон-2012 пирӯзиҳо ба даст орем. Аз ин рӯ, ман муътақидам, ки Расул дар оянда ба дастовардҳои чашмгире даст хоҳад ёфт».

Чаро паҳлавони тоҷик Расул Боқиеви 26-сола, ки дар авҷи камолоти варзишӣ аст, оянда дар мусобиқоти байнулмилалӣ Русияро намояндагӣ карданист? Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала мо тасмим гирифтем бо Расул Боқиев, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ва мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2007 оид ба дзюдо, ҳамсӯҳбат шуда, ба суолҳои худ посух бигирем. Ва, инак, мусоҳибаи мо бо Расул Боқиев, ки дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ пахш шудааст, ба таваҷҷӯҳи хонандагони сомонаи интернетии Радиои Озодӣ пешкаш мешавад.

-Расул, лутфан бигӯед, ки оё Шумо пас аз Бозиҳои олимпии соли 2008 дар ягон мусобиқот ширкат кардед?
"Ман аз номи кадом кишваре, ки ҳунарнамоӣ кунам, ҳамчун фарзанди тоҷик тоҷиконро муаррифӣ мекунам."

-Баъди Олимпиадаи Пекин ман дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ, ки дар Русия баргузор шуданд, шарафи клуби «Самбо-70»-и шаҳри Маскавро ҳимоя кардам. Ман, аслан, дар мусобиқоти дастаӣ ширкат варзидам.
-Вале Шумо дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, давраҳои Гран-прии аврупоӣ ва сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Роттердами Ҳоланд ширкат надоштед. Чаро?
- Ба ман устодонам – падарам Худойназар Боқиев ва Владимир Николаевич Елчанинов - иҷозат надоданд, ки дар мусобиқоти байналмилалӣ иштирок кунам. Зеро онҳо аз роҳбарону масъулини соҳаи варзиши кишвар гиламанданд, ки меҳнати моро ба таври шоиста қадрдонӣ накарданд. Аз Олимпиадаи Пекин як сол гузашт. Дар ин муддат ман аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар ягон дастгирӣ надидам. Нақшаи омодагии ман ба мусобиқоти байналмилаливу ҷаҳонӣ дар сикли нави олимпӣ тартиб дода нашуд. Маро аз рӯйхати варзишгароне, ки ба ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Корея ҷалб шуда буданд, хат заданд. Инчунин баъди Олимпиада аз стипендияи Кумитаи олимпӣ маҳрум шудам. Пас аз чунин муносибат ва беаҳамиятии роҳбарону масъулини соҳа нисбати банда ба хулосае омадам, ки ман ҳамчун варзишгар дигар барои Тоҷикистон даркор нестам. Бинобар ин ман маҷбурам, ки аз номи кишвари дигар дар мусобиқот иштирок кунам.
-Воқеъан, Шумо ки дар таърихи варзиши тоҷик ба Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин медали олимпӣ овардед, чӣ гуна қадрдонӣ шудед?
-Порсол дар арафаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ман ордени Шараф, дараҷаи якум супурд. Кумитаи миллии олимпӣ 3 ҳазор доллар ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 7 ҳазор сомонӣ тақдим карданд. Ба ғайр аз ин, Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Вавилон-Мобайл» 10 ҳазор доллар ва тоҷир Абубакри Азизхоҷа 3 ҳазор доллар тӯҳфа намуданд. Инчунин, бародарон Маҳмадрозиқ ва Маҳмадхолиқ Неъматовҳо як мошини сабукрави «Тойота –Королла» тақдим карданд. Умуман, агар ҳамаи маблағҳои ба ман супурдашударо ҳисоб кунем ва мошинро ҳам ба доллар баргардонем, наздики 30 ҳазор доллар мешавад.
-Дар дигар кишварҳо ба мисли Шумо - ҷоизадорони олимпиро чӣ гуна қадрдонӣ карданд?
-Масалан, дар Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Арманистон ва дигар кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба ғайр аз
"Агар ҳамаи маблағҳои ба ман супурдашударо ҳисоб кунем ва мошинро ҳам ба доллар баргардонем, наздики 30 ҳазор доллар мешавад."
ордену медалҳо ба ҷоизадорони олимпӣ мувофиқи ҷойҳои гирифтаашон камаш аз 70 ҳазор то 250 ҳазор доллар мукофотпулӣ супурданд. Инчунин, онҳо аз ҳисоби ҳукумат ва сарпарастон бо манзил таъмин шуданд. Мисол, Дмитрий Носов, ки соли 2004 дар вазни то 81 кг барандаи медали биринҷии олимпӣ шуда буд, бо 70 ҳазор доллар, автомобили «Лексус» ва аз маркази шаҳри Маскав бо манзили арзишаш 500 ҳазор доллар сарфароз гардида буд.
Дар бисёр кишварҳо ба варзишгарон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мешавад ва ҳар як дастоварди онҳо ба таври шоиста қадрдонӣ мешавад. Вале, мутаассифона, дар Тоҷикистон хизмати мо, варзишгарони олидараҷа, аз ҷиҳати молию моддӣ хуб қадр карда намешавад. Ҳол он ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» омадааст, ки Ҳукумати кишвар бояд дар бораи мукофотонидани ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва қитъавӣ мукофотпулӣ муқаррар намояд. Вале то ҳоло ин моддаи Қонуни мазкур иҷро намешавад.
-Расул, дар расонаҳо дарҷ шуда буд, ки барои омодагӣ ва ширкати Шумо дар Олимпиадаи Пекин Кумитаҳои варзишу олимпии кишвар 200 ҳазор доллар масраф кардаанд. Оё ин дуруст аст?
-Ин аз ҳақиқат тамоман дур аст. Мо ин масъаларо баррасӣ кардем ва мувофиқи ҳисобу китоби мо бисёри бисёр то 20 ҳазор доллар масраф шудааст. Инчунин, барои омодагӣ ва ширкати ман дар Олимпиадаи Пекин дӯстони оилаи мо - акаи Тоҷиддин, Амонуллоҳ Ҳукумов, Муродуллоҳ Хидиров, Муллоёр Ёров ва дигарон кӯмак кардаанд, ки аз онҳо миннатдорем.
-Расул, чунон ки маълум аст, дар шаҳри Маскав аввал Шумо бо таксиронӣ рӯз мегузарондед, баъдан шахсони пурэҳсоне пайдо шуданд, ки ба Шумо кӯмаки молӣ мекарданд ва ҳоло ки дар Маскав тамрин мекунед, чӣ гуна маблағ дарёфт менамоед?
-Ман аз соли 2004 дар клуби варзишии «Самбо-70»-и шаҳри Маскав таҳти раҳбарии устодам Владимир Елчанинов тамрин мекунам. Пас аз анҷоми Олимпиадаи Пекин маро боз ба ин клуб даъват карданд. Ҳар моҳ 500 доллар маош мегирам. Роҳбарони клуб мехоҳанд, ки ман аз номи ин клуб Русияро дар мусобиқоти байналмилалӣ намояндагӣ кунам. Агар ба ин таклифи онҳо розигӣ диҳам, ҳар моҳ ба ман 5 ҳазор доллар моҳона таъин мекунанд. Ба ғайр аз ин ҳаққи ғизо, манзил, ширкат дар мусобиқотро пардохт менамоянд. Инчунин, барои пирӯзӣ ва натиҷаҳои баланд мукофотпулӣ медиҳанд. Вале ман танҳо ин масъаларо ҳал карда наметавонам. Дар айни ҳол, ин масъаларо роҳбарону устодонам баррасӣ доранд ва мураббиёнам то ҳалли он ба ман иҷозати дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карданро надодаанд. Вале ман ба мухлисони худ, ба ҳамватанони худ гуфтаниам, дар куҷое ки бошам, ман аз номи миллати тоҷик гуштин мегирам ва кӯшиш мекунам обрӯи тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон баланд бардорам. Мақсади аслии ман дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 қаҳрамон шудан аст.
-Барои чӣ ин бошгоҳ «Самбо-70» ном дорад?
-Ин клуб соли 1970 таъсис ёфтааст ва он замон гуштии самбо хеле маъруф буд, бинобар ин «Самбо-70» номгузорӣ шуда буд. Дар ин ҷо ба ғайр аз самбо, навъҳои мухталиф, мисли дзюдо, айкидо, таеквон-до, гимнастикаи бадеӣ, бокс ва ғайра роҳандозӣ шудаанд.
-Расул, пас аз Бозиҳои олимпии Пекин дар ҳаёти Шумо чӣ гуна рӯйдоди хурсандибахшу фаромӯшнопазир рух додааст?
- Якуми август ман хонадор шудам. Тӯй дар ҳавлии падарам, дар ноҳияи Рӯдакӣ, баргузор шуд, ки барои ман ва аҳли хонаводаамон воқеаи хурсандибахш аст. Ман бо дуои падару модарам издивоҷ кардам ва аз ин хурсандам.
-Расул, Шуморо табрик мегӯем ва бароятон хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзумандем.
--Ташаккур. Вале ман аз он чиз таассуф мехӯрам, ки қиблагоҳам ба иллати беморӣ дар тӯй ширкат накард ва се моҳ боз дар бемористон
"Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба гарданам медали биринҷии олимпиро овезон карда, гулдаста тақдим намуд ва маро ба тоҷикӣ табрик гуфт"
бистарӣ аст. Ба ғайр аз Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, каси дигаре аз роҳбарону масъулини соҳа барои аёдати падарам, ки беш аз 40 соли ҳаёти худро ба варзиш бахшида, ҳамчун паҳлавон ва мураббӣ машҳур аст, наомадаанд. Воқеъан, дар оилаи мо 5 нафар бародаронем ва нозукиҳои гуштини тоҷикӣ, самбо, дзюдо ва гуштини «кураш»-ро аз падарам омӯхтаем. Ба ғайр аз ман бародарони калониам Алишер ва Рустам ба дастовардҳои бузург ноил шудаанд. Алишер барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба дзюдо мебошад, ки то имрӯз ягон паҳлавони дигари Тоҷикистон ба чунин натиҷа ноил нашудааст. Рустам бошад, яке аз аввалинҳо шуда Тоҷикистонро дар риштаи дзюдо дар Бозиҳои олимпии соли 1996 дар Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндагӣ кардааст. Ману Рустам соли 2005 қаҳрамонони ҷаҳон дар намуди гуштии «кураш» дар шаҳри Тошканди Узбакистон гардидаем. Инчунин, ҳардуямон соли 2003 дар Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ дар Душанбе дар вазни худ дар ду намуд – дзюдо ва «кураш» қаҳрамон шудаем.


Ба Расул суол доред? Бипурсед.


- Лаҳзаи аз ҳама хотирмон дар ҳаёти варзишии Шумо кадом аст?

-Лаҳзае ки дар Олимпиадаи Пекин ба ифтихори пирӯзии ман Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Воқеъан, вақте ки ман ба пояи фахрӣ баромадам, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба гарданам медали биринҷии олимпиро овезон карда, гулдаста тақдим намуд ва маро ба тоҷикӣ табрик гуфт.
-Ба забони тоҷикӣ? Чӣ гуфт?
-Расул, Шуморо бо медали олимпӣ табрик мекунам. Муборак шавад!
-Воқеъан, яке аз рақибони аслии Шумо дар мусобиқоти ҷаҳониву олимпӣ паҳлавони Озарбойҷон Элнур Маммедли мебошад.
-Бале. Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Пекин Элнур Маммедли, ки ҳангоми яке аз машқҳо лат хӯрдааст, имсол дар давраҳои Гран-прии аврупоӣ ва чемпионати ҷаҳон ширкат накард. Рақиби дигари ман - қаҳрамони ҷаҳон ва барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин Ки Чун Ванг, аз Кореяи Ҷанубӣ, боз ба медали тиллои чемпионати ҷаҳон даст ёфт. Дирк Ван Тичелти белгиягӣ соҳиби медали биринҷии сабқати ҷаҳонӣ шуд. Элнур Маммедли имсол дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ мекунад.
-Шумо вазни худро иваз накардед?
-Не. Устодонам ба ман иҷозат надоданд, ки дар вазни то 81 кг ҳунарнамоӣ кунам. Зеро дар ин вазн ба ман қувваи зиёд даркор аст.
-Расул, ҳоло ки моҳи шарифи Рамазон аст, мебинам, Шумо машқ мекунед. Оё рӯзадоред?
-Бале, алҳамдуллиллоҳ, шукри Худо, рӯзадорам, ҳамчунин, намоз мегузорам. Аз сабабе ки рӯзадорам, дар як рӯз як бор машқ мекунам.
-То моҳи Рамазон реҷаи тамрини Шумо чӣ хел буд?
-Дар як рӯз ду бор – 3 соат саҳар ва 3 соат бегоҳ машқ мекардам.
-Ва суоли охирини ман ин аст, ки Шумо дар зиндагӣ ва дар варзиш чӣ орзуҳо доред?
- Ман, ки нав хонадор шудаам, орзу дорам, ки падар шавам ва дар оянда фарзандонро тарбият намоям. Орзу дорам, ки дар чемпионати ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ қаҳрамон шуда, обрӯи миллати тоҷикро баланд бардорам. Зеро ман минбаъд аз номи кадом кишваре, ки ҳунарнамоӣ кунам, ҳамчун фарзанди тоҷик тоҷиконро муаррифӣ мекунам.
-Расул, ташаккур барои сӯҳбат. Хоҳони онем, ки орзуҳои некатон амалӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG