Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Плани пахта кам шуд, вале...


Дар ҳоле ки кишоварзони хатлонӣ тоза ба чиниши пахтаи имсола шурӯъ кардаанд, маъмурони идораи кишоварзии минтақа мегӯянд, иҷро шудани нақшаи ҷамъоварӣ зери суол меравад. Агар ҳам дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон танҳо дар майдони 108 ҳазор ҳектор пахта кишт шуда, назар ба соли 2008-ум қариб 50 ҳазор ҳектор камтар аст, коршиносони масоили кишоварзӣ мегӯянд, ҷамъоварии 300 ҳазор тон пахта берун аз имкон менамояд.

Чамангул Абдусаломова, корманди масъули идораи кишоварзии Хатлон, бо чунин пешгӯиҳо мувофиқ аст ва мегӯяд, имсол ба сабаби номусоидии ҳаво ва боришҳои пайопай пахтакорон майдонҳои зиёди кишти худро талаф доданд:
«Ба ҷойи 124 ҳазор гектар имсол дар майдони 108 ҳазор гектар пахта кишт шудааст дар вилоят. 300 ҳазор тонна пахта чидан имсол ғайриимкон аст. Мо имсол як навъи пахтаи туркӣ кишт кардаем, ки каме дертар кушода мешавад. Агар ҳаво мусоид ояд хуб, вагарна, ҳамон ҳам талаф меёбад ва одатан, дар ҳавои борониву сард мизони ғунучини пахта суст мешавад…»

Бо ин вуҷуд мавсими чиниши пахта аллакай дар навоҳии Панҷу Шаҳритус ва Бохтари вилояти Хатлон шурӯъ шудааст. Дар ҳукумати ноҳияи Панҷ гуфтанд, ки боду ҳаво имсол барои кишти пахта мусоид буд ва умури кишт саривақт анҷом дода шуд. Дар ин ноҳия дар майдони наздик ба панҷуним ҳазор ҳектор пахта кишт шудааст.

Ва аммо кишоварз аз ноҳияи Бохтар, ки худро Каримбой Пӯлодов муаррифӣ кард, мегӯяд, имсол дар майдони 30 ҳектор замин пахта киштааст, аммо бо заҳамоти сангин. Зеро ба гуфтаи ӯ, мақомоти зидахл имсол аз кӯмак ба пахтакорон билкул даст кашиданд ва зимнан, пахтакорӣ барои бисёре аз кишоварзон ба як кори бесуд табдил шудааст:
«Пахтаро мехаранду бурда бар ивази 4-5 ҳазор доллар мефурӯшанд. Бозпас омада ба худ хонаву қаср месозанд. Агар аз нӯги ҳамон пул ақаллан 500 долларашро ба деҳқон диҳанд, ҳавасманд мешавад, кор пеш меравад. Чаро дар Хатлон ақаллан 200 ҳазор тон пахта чида намешавад?! Чунки назорат нест, ҳар касе хоҳад, пахтаро мебарад, мефурӯшад, деҳқон зарар мебинад…»

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз пахтакорони хатлонӣ дар назди бонкҳо ҳамоно қарздор боқӣ мемонанд. Ба иттилои намояндагии «Агроинвестбонк» дар Қӯрғонтеппа, хоҷагиҳои деҳқонӣ то ба ҳол танҳо 30 дарсади қарзи аз ин бонк дарёфтаашонро бозпас гардонидаанд. Сарфи назар аз ин ки кишоварзони хатлонӣ дар назди ин бонк беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ қарздоранд, раҳбарони бонки мазкур тасмим гирифтаанд, ки имсол ҳам барои кӯмак ба пахтакорон аз 286 хоҷагии деҳқонии шаш ноҳияи вилоят ҳудудан 14 миллион доллар ихтисос бидиҳанд.

Мушкили дигари вобаста ба пахтакорӣ дар Хатлон аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шудани қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзон дар назди сармоягузорони худ ҳисобида мешавад, ки боиси нигарониҳои мақомоти андозситонии вилояти Хатлон гардидааст.

Ахиран, бахши кишоварзии кишвар, бахусус хоҷагиҳои пахтакор аз бозпардохти маблағи қарзи дар даҳ соли ахир ғуншуда озод гардида, 540 миллион доллари амрикоӣ қарзи деҳқонон лағв карда шуд. Аммо идораи молиёт, ё андози вилояти Хатлон, мегӯяд, ин тасмими Ҳукумати Тоҷикистон, ба гумони ғолиб, кори ниҳоди мазкурро дар ҷамъоварии андозҳо кунд ва иҷрои нақшаи солонаи андозро дучанд мушкил хоҳад кард. Ҳасан Ҳаитов, корманди масъули идораи андози вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳама қарзи кишоварзон, ба истиснои қарзҳои дохилӣ, яъне пардохти ҳама навъи андозҳо то 1-уми январи соли 2009-ум расман лағв шудаанд, аммо ба сабаби то охир рӯшану фаҳмо набудани тасмими ҳукумат кишоварзон аз пардохти андозҳо парҳез мекунанд.

Бахшиши қарзи кишоварзон агар бар суди хоҷагиҳо ва деҳқонон бошад, аммо бисёре аз сармоягузорон ва ширкатҳои фючерсиро, ки дар гузашта фаъолияти хоҷагиҳоро маблағгузорӣ мекарданд, хуш наомадааст.

Соли ҷорӣ ҳамчунин мизони содироти пахта ба хориҷ аз кишвар ҳам коҳиш ёфтааст. Ба иттилои Кумитаи омори Тоҷикистон, имсол ҳамагӣ чизе беш аз 40 ҳазор тон ба маблағи 42 миллион доллар пахта содир шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 33 миллион доллар камтар аст. Қимати миёнаи нахи пахта ҳам дар муқоиса бо як соли қабл 302 доллар поин рафта, ҳоло як тонна пахта ҳазору 42 доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Ва аммо арзонии қимати пахта ҳам мушкили ахири пахтакорон нест. Азбаски дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамеша аз норасоии дасти корӣ шикоят мекунанд, имсол пахтакорон аз нерӯи бепули корӣ - донишҷӯён ва толибилмони макотиби миёна маҳрум шудаанд. Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва вазорати маориф, ба майдонҳои пахта сафарбар кардани донишҷӯён мамнӯъ гардидааст.

Ҳамакнун танҳо пахтакорони камшумор, асосан бонувони тоҷик, бояд ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғул шаванд.
XS
SM
MD
LG