Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳе, ки дар сӯҳбати Гитлеру Черчил нишаста буд


Шоҳ Михаил дар сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ

Шоҳ Михаил дар сӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ

Шоҳи собиқи Руминия Михаэл яке аз се раҳбарони собиқест, ки аҳди раҳбарии вай ба даврони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ мувофиқ меояд. Ду раҳбари дигар - шоҳони Булғористон Симеон ва Камбоҷа - Нородом Сиҳаноук мебошанд.

Евгений Томиус, радиои Озодӣ


Вале аз миёни ин кишварҳо танҳо Руминия буд, ки ба таври мустақим вориди ҷанг шудааст. Ҳоло шоҳи 89-сола дар хонаи худ - Аубонни Швейсария ба сар бурда, гаҳ-гоҳе дар бораи рӯйдодҳои он солҳо ёдовар мешавад. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Озодӣ ӯ дар бораи вазъ ва мавқеи сиёсии Руминия дар он солҳо ёдовар шуда инчунин мулоқоти худро бо раҳбарони вақт - Гитлеру Черчиллу Муссолинӣ ба хотир овард.

Шоҳ Михаэл мегӯяд, ки 70 соли пеш, яъне шабу рӯзи ҳамлаи артиши фашистӣ ба Лаҳистон, ки ҳамчун оғози ҷанги дуюми ҷаҳон шинохта мешавад, муҳассили мактаб буд ва ҳанӯз ба умури раҳбарии давлат роҳ дода намешуд. Вале ӯ хуб ёд дорад, ки пеш аз шурӯи ҷанг дар моҳи августи соли 1939 миёни Олмони фашистӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ як аҳдномаи адами таҷовуз, маъруф ба "паймони Молотову Рибентроп" ба имзо мерасад, ки дар натиҷа барои Руминия паёмадҳои номатлубе доштааст. "Дар бадтарин ҳолат вазъ метавонист бо маҳви давлатдории ин кишвар анҷомад" - мегӯяд ӯ. Баъди камтар аз як соли он рӯйдодҳо як бахше аз қаламрави Руминия таҳти назари Шӯравӣ гузашт. Раҳбарии амалии ин кишварро он солҳо маршали артиш Ион Антонеску ба ӯҳда дошт, ки бо Адолф Гитлер, раҳбари Олмони фашистӣ муттафиқ буд ва, тавре мегуфт, ба хотири озод кардани Бессарабияву Буковинаи Шимолӣ вориди ҷанг шуд. Шоҳ мегӯяд:

"Аксар давлатҳои ғарбӣ дар бораи таърихи ин қисмати Аврупо намедонистанд ва ё донистан намехостанд. Онҳо зиёд парво надоштанд, ки шояд рӯзе истиқлоли мо аз даст меравад ва ё таҳти тасарруф мегузарад".

Дар миёнаҳои солҳои 1941-1944 талафоти нирӯҳои Руминия, ки дар фронти шарқӣ дар канори сарбозони олмонӣ ҷанг мекарданд, 200 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин боис шуд, ки дар миёни мардум ва элитаи сиёсии Руминия рӯҳияи зиддифашистӣ бештар афзоиш ёбад.

Шоҳ Михаэл ба ёд меорад, ки дар ҳамон шароити сахту пурхатар модари ӯ, малика Елена, тавассути музокираҳову мудохилаҳои зиёдаш ба умури Антонеску тавонист, ҷони сад ҳазор яҳудиро аз чанголи марг раҳо кунад.

Хабарнигори Озодӣ шоҳи собиқро дар бораи мулоқоташ бо чандин раҳбари аслии вақт, пеш аз ҳама Гитлер пурсон шуд. Вай гуфт, ки бо ӯ ду дафъа мулоқот кардааст. Бори аввал дидори онҳо соли 1938 сурат гирифт. Вай ба ёд меорад, ки он рӯзҳо ӯву падараш тоза аз сафари Фаронсаву Инглистон баргашта, бо Гитлер дидор карда буданд. Ва мулоқоти дигари онҳо дар Берлин баргузор шуд. Ӯ мегӯяд, ки ӯву модараш дар он сафар бояд тавассути Олмон ба Флоренсияи Итолиё мерафтанд ва дар роҳ бо Гитлер дидору мулоқоте анҷом доданд. Ӯ чанд дақиқа хӯроки нисфирӯзиро дар меҳмонии Гитлер ба ёд оварда мегӯяд:

"Вақте ӯ дар мавзӯи барои худи ӯ ҷолиб сӯҳбат мекард, ҳарчанд мушаххас ёд надорам, ки дар чӣ бора буд, чунин ба назар мерасид, ки гӯё ӯ барои меҳмонони сари ин миз изҳорот пахш мекард. Дар он лаҳзаҳо, ки ростӣ барои ман хеле нофорам буд, чашмони вай ба як нуқта дӯхта шуда буд. Ӯ гап мезаду гап мезад. Ҳарчанд ҳамаи ин чанд дақиқа давом мекард, аммо дидан мумкин буд, ки ҳангоми баррасии мавзӯи барои ӯ ҷолиб ҳушаш гӯё дар ҷои дигар банд мешуд. Ин лаҳзаҳо каме нороҳаткунанда буд".

Ӯ афзуд, ки барои ӯву модараш сӯҳбатҳои Гитлер чандон диққатҷалбкунанда набудааст.

Шоҳ Михаэл дар бораи дидораш бо нахуствазири вақти Бритониё Уинстон Черчилл низ ёдовар шуд. Вай гуфт, ки мулоқоти онҳо баъди хатми ҷанг сурат гирифт. Черчилл, мегӯяд ӯ, як шахси бафарҳангу маданӣ буд, вале зоҳиран роҷеъ ба Руминия иттилои кофӣ надошт. "Мо сӯҳбат мекардему кадом лаҳзае вай ногаҳон аз ман пурсид: "Руминия конститутсия дорад?". Ман сахт ҳайрон шудам, мегӯяд ӯ, ки чӣ тавр чунин як шахсияти барҷастае, ки дар Аврупо нуфуз ва эътибори хосса доштааст, аз вазъияти як кишвари аврупоии мисли Руминия хабар надорад.»

Дар мулоқотҳои кӯтоҳи дигар ӯ аз дидораш бо раҳбарони Итолиё Бенитто Муссолинӣ ва ИМА Ҳаррӣ Труман низ ёдовар шудааст.

Баъди хатми ҷанг шоҳи собиқи Руминия дар ҳиҷрат ба сар бурдааст. Соли 1992 нирӯҳои мухолифини демократӣ ба шоҳ пешниҳод карданд, ки президенти кишвар шавад, вале ӯ, ин пешниҳодро рад кард. Вай соҳиби панҷ духтар буда, соли 1999 духтари калонӣ шоҳзодахонум Маргаритаро меросбари тахти шоҳӣ унвон кард.

XS
SM
MD
LG