Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занги аввали мавсими 2009-2010


Субҳи якуми сентябри имсол барои бештар аз як миллион хонанда дар саросари Тоҷикистон Занги аввал садо дод.

Вазорати маорифи кишвар гуфтааст, дар мавсими хониши 2009-2010 дар саросари кишвар 18 мактаби нав ба истифода дода шудааст. Аз ин шумор 8 мактаб дар ноҳияҳои тобеъи кишвар, 3 мактаб дар Хатлон, 4 мактаб дар Суғд ва 3 мактаб дар Бадахшон бунёд шудаанд.

Феълан, дар Тоҷикистон тақрибан 4 ҳазор мактаби миёна вуҷуд доштааст, вале ҳамоно беш аз 20.000 ҷойи нишаст барои толибилмон намерасидааст. Вазорати маориф ба хабаргузории «Ховар» гуфтааст, дар назар аст, то охири соли 2009 боз 16 мактаби нав ба истифода дода шавад.

Ҷараёни таҷлил Рӯзи Донишро дар макотиби пойтахт дар ин навор тамошо кунед.

Салом, мактаб!
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00
XS
SM
MD
LG