Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз тасмими туркҳову арманиҳо истиқбол кард


Вошингтон аз эълон дар бораи барқарории муносиботи дипломатии миёни Туркияву Арманистон истиқбол кард.
Ин ду кишвар дар торихи худ бори нахуст барои барқарории чунин муносибот иқдом мекунанд. Вазоратхонаҳои умури хориҷаи ҳар ду кишвар эълон кардаанд, ки музокирот дар бораи барқарории равобити дипломатӣ бо миёнҷигарии Шветсария тақрибан шаш ҳафтаро дар бар мегирад. Аз оғози садаи 20-ӯм ин ду кишвар бо ҳам ихтилоф доранд. Бисёре аз арманиҳо мегӯянд, ки туркҳои усмонӣ дар кишвари онҳо даст ба қатли ом задаанд ва дар он солҳо 1,5 миллион арманӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG