Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди оғози Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ


Дар шаҳри Гдански Лаҳистон чорабиние бо ширкати раҳбарони Лаҳистон, Олмон ва сарвазири Русия ба хотири ёддошт аз оғози Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ баргузор мегардад.

Рӯзи якуми сентябри соли 1939, соати тақрибан панҷи субҳ, киштии низомии олмонӣ нахустин оташ ба сӯи як анбори низомии лаҳистонӣ боз кард ва ҳамон лаҳза нерӯҳои Олмон вориди Лаҳистон гардиданд. Ин оғози Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ буд.

Рӯзи саввуми сентябр дар посух ба ғасби ҳудуди Лаҳистон, Бритониёи Кабир, Фаронса, Австралия ва Зеландияи Нав ба зидди Олмон ҷанг эълон карданд.

Ҳарчанд, баъзеҳо таъкид мекунанд, ки ҷангҳо дар Осиё барвақттар оғоз шуда буданд ва дар Амрико соли 1941-ро оғози Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ мешумуранд, вале ҳамла ба Лаҳистон шурӯъи даргириҳо дар Аврупо маҳсуб мегардад.

Дар чорабиниҳои бахшида ба 70-умин солгарди оғози фоҷеае, ки дар таърихи башарият мудҳиштарин ба ҳисоб меравад, раҳбарони 20 кишвар иштирок мекунанд. Гуфта мешавад, аз миёни суханрониҳое, ки дар ин рӯз дар ин маросим дар Гданс хоҳад шуд, чашму гӯши ҳама ба даҳони Владимир Путин, сарвазири Русия, хоҳад буд. Бо назардошти он ки дар муддати раҳбарии ӯ муносибот миёни Лаҳистон ва Русия бад шуда буд, аз Путин суханони вижаеро интизор ҳастанд.
XS
SM
MD
LG