Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70-солагии оғози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ


Имрӯз раҳбарони аврупоӣ, ба шумули Ангела Меркел-нахуствазири Олмон ва Владимир Путин-нахуствазири Русия дар шаҳри Гдански Лаҳистон, воқеъ дар каронаи баҳри Балтик дар робита бо 70-солагии оғози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бо ҳам мулоқот мекунанд. Адолф Ҳитлер 1-ӯми сентябри соли 1939 ҷангро бар зидди Лаҳистон оғоз кард, зеро Лаҳистон нахост шаҳри Гданскро ба Олмон диҳад. Баъд аз ишғоли Гданск Олмон ин шаҳрро, ки аҳолиаш аслан олмониҳо буданд, Данзиг номгузорӣ кард. Дар як назархоҳӣ, ки рӯзи душанбе дар яке аз рӯзномаҳои лаҳистонӣ ба нашр расидааст, гуфта мешавад, ки Русия мисли Олмон дар оғози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ баробар айбдор аст.
XS
SM
MD
LG