Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркҳову арманиҳо муносиботи дипломатӣ барқарор мекунанд


Бурак Озугергин-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Туркия гуфтааст, Туркия ва Арманистон бори аввал дар торихи худ ихтилофҳои худро канор гузоштаанд ва тасмим гирифтаанд, ки байни худ муносиботи дипломатӣ барқарор кунанд. Аз оғози садаи 20-ӯм ин ду кишвар бо ҳам ихтилоф доранд. Бисёре аз арманиҳо мегӯянд, ки туркҳои усмонӣ дар кишвари онҳо даст ба қатли ом задаанд ва дар он 1,5 миллион арманӣ кушта шудаанд. Туркия нахустин кишвар буд, ки дар соли 1991 истиқлоли давлатии Арманистонро ба расмият шинохт, вале ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор накарда буданд ва аз соли 1993 ба ин ҷониб марзҳои ин ду кишвар бар рӯи якдигар баста аст.
XS
SM
MD
LG