Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай райи бештар ба даст меорад


Мақомоти интихоботии Афғонистон орои тақрибан нисфи ҳавзаҳои интихоботии ин кишварро шумурдаанд. Довуд Алӣ Наҷафӣ-мақоми аршади Кумиссиюни интихобтии Афғонистон дар нишасти хабарие дар Кобул чунин гуфт:

"Муҳтарам Ҳомид Карзай 1 317 121 рай. Муҳтарам доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ 954 256 рай".

Бад-ин тариқ ин ниҳоди интихобтии Афғонистон мегӯяд, Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури куннӣ 45,8 дарсад ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷа 33,2 дарсад рай ба даст овардаанд. Барои баргузор нашудани даври дуввуми интихобот Карзай бояд 50 дарсад рай бигирад.
XS
SM
MD
LG